Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамин қадар гуфта тавонист модар ва мехост Окмояро маҳмез зада, рӯ ба ҷониби писар оварад, вале шуввоси тир шунида шуду пайкони он ба паҳлӯи чапаш ба зери даст фурӯ рафт.

Тири кушандае буд он. Сари Найман-Она ба сина биҳамид, пайкараш ларзиду лаҳзае дар гардани уштур банд шуд, сипас оҳиста-оҳиста ғелида, ба замин барафтод. Аммо қабл аз афтодани вай рӯймоли сафедаш аз сар парид ва дар ҳаво ба мурғе мубаддал гардид ва парвозкунону фиғонкашон бирафт. «Ба ёдат биёвар, ки худ кистӣ? Чӣ ном дорӣ, э ҷон, чун зистӣ? Доненбой — исми бобои ту! Доненбой, Доненбой — додои ту!».

Ривоят мекунанд, ки мурғи Доненбой дар биёбони Сари Озек аз ҳамон рӯз пайдо шуд ва ҳар шаб парвоз мекунад. Ҳамин ки мусофире дучор омад, мурғи Доненбой болзанон болои сараш меояд ва хитоб мекунад: «Ба ёдат биёвар, ки худ кистӣ? Чӣ ном дорӣ, э ҷон, чун зистӣ? Доненбой — исми бобои ту! Доненбой, Доненбой, — додои ту!..»

Он ҷои биёбони Сари Озек, ки пайкари Найман-Онаро ба хок биспориданд, мазори Она-Байт ном гирифт, яъне Оромгоҳи Модар...

Аз модауштури сафед Окмоя насли зиёде боқӣ монд. Бачаҳояш мода бошанд, мисли худаш сафедсару ширранг мешуданд. Модауштурони сафедсар дар он ноҳия басо шӯҳрат доштанд. Ва агар тифлаш нар бошад, баръакс, тираранг ба дунё меомад ва монанди Каранори Бӯронии имрӯза ҷонвари сиёҳсари тавоно ба воя мерасид.

Шодравони Қазонқоп, ки ҳоло мурдаашро ба Она-Байт мебурданд, доимо мегуфт: Каранори Бӯроний уштури оддӣ нест, хуни аҷдодонаш рафта ба Окмоя мерасад, ба ҳамон модауштури сафеди овозадор, ки баъд аз ҳалок шудани Найман-Она дар биёбони Сари Озек мондааст.

Едигей ба суханҳои Қазонқоп бовар мекард. Чаро бовар накунад?.. Каранори Бӯрониро ҳар қадар тавсиф кунед, меарзад. Чӣ дар рӯзи неку чӣ рӯзгори бад чӣ миқдор санҷишҳо пеш омадаанд. Қаранор ҳамеша мушкилосонкун мададгоре буд... Фақат дар мавсими даваш аз ҳад афзун бадхӯ мешавад. Боз ин фасл ба сармои қаҳратун рост меояд ва Қаранор сангиндилу ғаддор мешавад ва сахт заҳмат медиҳад. Ҳам Қаранор азият медиҳад, ҳам сармои зимистон. Гӯё зимистон болои зимистон

пешина
аз 293
навбатӣ