Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

меояд. Сари одам сих мемонад дар ин гуна рӯзҳо...

Боре Қаранори Бӯрони Едигейро бо вазъи ногуворе афканд, вазъи бисёр ногуворе буд он ва агар вай, яъне Едигей Бӯрони, фарз кардем, фарзанди инсон нею ягон махлуқи дигари камидроктар мебуд, ҳаргиз аз гуноҳи Қаранор намегузашт... Лекин чӣ илоҷ, ки Қаранор фақат ҷонваресту бас. Чӣ ҷони гила аз уштуре ки дар айёми ҷуфтқоҳнаш хирасар гаштааст?.. Зотан гап дар сари Қаранор ҳам не. Аз уштур кӣ ранҷидааст, ки Едигей Бӯрони биранҷад? Вай ҳамин тавр, дар омади гап гоҳу чунону чунин мегӯяд. Аслан дар тақдираш будааст, ки ҳамон воқеа рӯй диҳад. Айби Қаранори Бӯронӣ чист? Шодравони Қазоқоп аз он ҳодиса хуб огоҳ буд ва дар он марҳала ҳаками баинсоф ҳам худаш буд, вагарна кӣ медонад, оқибат чӣ мешуд.

VII

Анҷоми тобистон ва оғози тирамоҳи соли 1952-умро Едигей ҳамчун айёми хушбахтона ёд мекунад. Гӯё ҷодугаре афсун карду пешгӯии Едигей ҷомаи амал пӯшид. Пас аз гармои тоқатшикане ки ҳатто сусморони Сари Озек аз офтоби сӯзон гурехта, ба остонаи бошишгоҳҳои одамон хазида меомаданд, банохост дар мобайни моҳи август обу ҳаво дигар шуд. Гармо якбора бикоҳид, серунӣ рӯз ба рӯз меафзуд. Ба ҳар ҳол шабонгоҳон осуда хобидан имконпазир гардид. Дар биёбони Сари Озек, ҳар сол набошад ҳам, гоҳ-гоҳе чунин ҳавои бафайз меҳмон мешавад. Зимистонҳои ин ноҳия ҳамеша якранганд, ҳамеша сармоҳои шадид меоранд, лекин тобистон аҳьён-аҳьён ба одамон ва ҷонварон андак гузашт мекунад. Ва он ҳам вақте ки дар қабатҳои болои ҷараёни буд, нақл карда буд боре Елизаров, дигаргуниҳои калон ба амал меоянд ва дарёҳои осмонӣ ҷараёни худро тағьир медиҳанд. Елизаров дар ин гуна мавзӯъҳо сӯҳбат карданро дӯст медошт. Вай мегуфт, ки дар боло дарёҳои бузурги ба назар ноаёни бод чорнанд ва муносиби худ соҳилҳо, туғёнҳо доранд. Ва онон ҳамеша дар ҳаракат буда, сатҳи кураи заминро гӯё бодшӯ мекунанд. Ва замин, ки ҳамеша дар иҳотаи ана ҳамин ҷараёнҳои бодаст, дар ҳалқаи хоси худаш давр мезанад ва аз гардиши вай мурури замон, яъне вақт ба вуҷуд меояд. Ба

пешина
аз 293
навбатӣ