Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
вале модар ӯро дар асорат нахоҳад монд. Бигузор найманҳо низ бубинанд, ки истилогарон йигитҳои асирафтодаро чӣ гуна маъюбу маслух мекунанд, чӣ тавр хору зор мекунанд, аз ақл бегона мекунанд. Бигузор бубинанд-у оташи ғазабашон алангаӣ бизанад ва либоси ҷангӣ дар бар бикунанд. Гап дар замин ҳам нест. Замин ба ҳама мерасад. Аммо он бадкирдориҳое, ки жуаньжуанҳо мекунанд, аз доираи сабру тоқат фарсахҳо берун аст, ҳатто барои ҳамсоягони дур...
Найман-Она бо ҳамин гуна андешаҳо ба назди писар бармегашт ва боз фикр мекард, ки чиҳо бигӯяду ӯро ба фирор кардан худи ҳамин шаб розӣ намояд.
Ҳаво торик мешуд. Ба паҳнои дашти азими Сари Озек боз як шаб фаро мерасид, боз як шаб аз силсилаи беинтиҳои шабҳои гузашта ва оянда. Вай бар сари ҳамвориҳо ва сою селроҳаҳо домани тирафому андаке сурхтоби худро оҳиста-оҳиста мегустарид. Модауштури сафед Оқмоя чобуку нарм гом зада, соҳибаи худро ба сари галаи бузурги уштурон меовард. Тарҳи пайкари модар дар партуви вопасин шуоҳои онрӯзаи хуршед дар миёни кӯшакӯҳони уштураш барало ба назар мерасид.
Дили модар моломоли ташвиш ва изтироб буд, ранги рухсораш канда, андомаш ошуфта. Мӯи сафедаш, ожангҳои рӯяш, нақши андешаҳои гаронаш дар ҷабин ва дарду алами рафънопазираш гӯё ҳамрангу ҳамоҳанги он шомгоҳҳои биёбон буданд... Инак, ӯ ба гала наздик бирасид, аз миёни чорпоёни чаранда роҳ мепаймуд, ба ҳар тараф нигоҳҳо меафканд, вале писарро намедид. Уштури пурбори савории писар аз чӣ сабабе бошад, таноби нӯҳтаро аз дунболаш кашолакунон танҳо мечарид.
— Жоламан! Писаракам Жоламан, ту дар куҷоӣ?— фарёд мекард Найман-Она.
Касе пайдо нашуд, садое барнаомад.
— Жоламан! Ту дар куҷоӣ? Ин манам, модарат! Ту дар куҷоӣ?
Модар парешонхотирона ба ҳар сӯ чашм медӯхт ва пай набурд, ки манкуртписараш дар сояи уштуре камин гирифта ва тир ба зеҳи камон гузошта ва ба зону нишаста, ӯро нишон гирифта буд. Нури офтоб халалаш мерасонид ва ӯ барои тирандозӣ лаҳзаи муносиб меҷуст.
— Жоламан! Писаракам! — фарёд мекард Найман-Она. Модар дар ҳарос буд, ки ба писараш ҳодисае рӯй додааст. Ва дар рӯи зин паҳлу гашт. — Напаррон! — фақат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё