Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
жуанҳо аз дунболи модашутури сафед тохта, фарёд мекашиданд ва найзаҳои худро алвонҷ медоданд. Вале ба дунболи Окмоя расидан ба гуфтан осон. Онҳо савори уштурони жӯлидамӯяшон лӯк-лӯкунон медавиданд. Окмоя бошад, ба авҷи тоза расида, рӯй-рӯи дашти Сари Озек бо суръати тасаввурнопазире роҳ мепаймуд ва соҳиби худро аз хатари марг ба эмин мебурд.
Аммо Найман-Она намедонист, ки жуань-жуанҳои хашмгин ба сари гала баргашта, манкуртро муддаои табъ калтаккорӣ карданд. Манкурт фақат ба як зайл ҷавоб медод:
— Вай мегӯяд, ки модари ман аст.
— Модар-подар нест вай. Ту модар надорӣ! Медонӣ, вай барои чӣ омадааст? А, медонӣ ё не? Мехоҳад телпакро аз сарат бигирад, баъд саратро тар карда, пӯсти онро биканад! — манкурти бечораро метарсониданд онон.
Ин гапро шунида, ранги рӯяш канд, чеҳраи тирафомаш хокистаргун шуд. Сари худро ба китфаш фурӯ кашида, телпакашро маҳкам дошту ваҳшивор ба атроф нигоҳ кардан гирифт.
— Натарс, натарс! Ма, ина дор! — гуфт жуань-жуани калонӣ ва ба дасти вай тиру камон дод.
— Ку, бизан! — жуань-жуани хурдӣ кулоҳи худро ба осмон ҳаво дод. Тир кулоҳро сӯрох карда гузашт. — Ина бин-а, ҳайрон шуд соҳиби кулоҳ. — Осори машқҳои пешина дар дасташ монда будааст.
Найман-Она дар паҳнои дашт чун мурғи аз лона ронда даврзанон мегашт. Ва намедонист, ки чӣ кор кунад ва чӣ дидание ӯро дар пеш аст. Оё жуань-жуанҳо акнун галаи худ ва ҳамроҳи гала манкуртписари ӯро ба ҷои дигари барои ӯ дастнорас, ба наздиктари ӯрдаи бузургашон ҳай карда мебаранд ё кӯшиш хоҳанд кард, то Найман-Онаро дастгир намоянд? Дили модар ба ҳазор кӯӣ рафта меомаду худаш дар канорҳои чашмнорас давр зада мегашт. Ва, ниҳоят, дид ва хурсанд шуд, ки он ду жуань-жуан аз гала дур мераванд. Ба пасашон нигоҳ накарда, дӯш ба дӯш мераванд. Найман-Она дергоҳе аз онон чашм намеканд ва ҳангоме ки онҳо нопадид гардиданд, қарор дод, ки ба назди писараш баргардад. Акнун ӯ мехоҳат ҳар чӣ бодо бод гӯён, ӯро ҳамроҳи худ бибарад. Писар чӣ хеле ки набошад, ҳамроҳ хоҳад буд. Айби вай нест, тақдираш ҳамин гуна будааст, ки душманон масхарааш кардаанд, кину азобаш додаанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё