Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Замин аст, аммо чунин камолоти дилкашу дилхоҳро маҳз онҳо ба даст овардаанд. Онҳо, моликони тарзи тафаккури олитамаддуни умумикоинотӣ, ҳозиранд бо бародарони соҳибидроки худ, бо заминиятён ба ҳар шакле ки ба талаботу ҳайсияти тарафайни шоиста бошад, робитаи ошкоро барқарор намоянд.
Мо берун аз ҳудуди афлоки худ, ба яке аз сайёраҳои системаи Хуршеди Дастгир афтода, аз кашфи тамаддуни ғайризаминӣ ҳам моту мабҳут гардидем, ҳам шоду мамнун, лекин бесаброна интизорем, ки ба манзили худ баргардем ва ҳар он чиро ки бо чашми худ дидему бо гӯшамон шунидем, барои одамон нақл бикунем.
Мо ният дорем, ки пас аз бисту ҳашт соат, яъне баъди як шабонарӯзи ҳамин сеанси радиоалоқа ба роҳи бозгашт ба сӯи «Паритет»-и худ бароем. Ба «Паритет» расида, худро ба ихтиёри пурраи Мармутидор хоҳем супорид.
Хайр, то боздид. Қабл аз парвоз ба сӯи системаи Офтоб вақти ба «Паритет» расиданамонро маълум хоҳем кард.
Бо ҳамин аввалин ахбори худро аз сайёраи Пайқараи Ҷангалистон ба поён мерасонем. То боздид дар ояндаи наздик. Илтимос, ба хонаводаҳои мо бирасонед, ки хотирҷамъ бошанд...
Паритет-кайҳоннаварди 1-2
Паритет-кайҳоннаварди 2-1.
Машварати ҷудогонаи комиссияҳои фавқулодда дар саҳни киштии ҳавопаймобари «Конвенция» оид ба таҳқиқи ҳодисаи ногаҳонӣ дар истгоҳи мадории «Паритет» ба охир расид ва ҳар ду комиссия дар ҳайати пурра барои маслиҳат бо мақомҳои болоӣ ба кишварҳои худ парвоз карданд. Як ҳавопаймо аз саҳни киштӣ парида, ба сӯи Сан-Франциско роҳ пеш гирифт, дигараш пас аз чанд дақиқа ба самти муқобил — ба тарафи Владивосток равона шуд.
Киштии ҳавопаймобари «Конвенция» ҳамчунон дар ҷои пешинааш, дар мавзеи доимии худ — дар Уқёнуси Ором, дар самти ҷанубии Ҷазираҳои Алеут воқеъ буд... Дар саҳни киштӣ тартиботи қатъие ҳукмрон буд. Ҳар кас бо кору бори худ машғул, ҳама ҳушёр ва омодаи хизмат... Ва ҳамагон лаб ба сукут баста буданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё