Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва сол то сол ба манзили сокинони кабудмӯи сайёра қадам ба қадам ҳамла меорад. Барои онҳо ин мусибати калонест. Онҳо ҳанӯз идора кардани рӯйдодҳои қаҳри сайёраи худро наомӯхтаанд. Ба муборизан зидди ин ҳодисаи пурхатар — аз дарун хушкидани сайёра беҳтарин қувваҳо, олимон ва маблағҳои зиёде сафарбар шудаанд. Дар системи ситораҳои онҳо моҳ нест, лекин онҳо Моҳи моро медонанд, ба он ҷо рафта омадаанд. Онҳо тахмин мекунанд, ки эҳтимол, Моҳи мо чунин ҳодисаро паси сар карда бошад. Мо ин хабарро шунида, ба андеша рафтем. Охир Замин аз Моҳ чандон дур нест. Оё мо бо чунин мулоқоте омодаем? Ва оқибатҳои чӣ дохилӣ ва чӣ берунии ин вохӯрӣ чӣ гуна метавонанд бошанд? Оё одамон фикр намекунанд, ки аз сабаби носозиҳо ва кашокашҳо дар рӯи Замин дар инкишофи маънавӣ хеле қафо мондаанд?

Ҳоло дар доираҳои илмии Пайкараи Ҷангалистон мубоҳисаи умумисайёравӣ давом дорад: оё барои кашфи асрори дохилии сайёра бештар қувва ба кор андохта, роҳҳои пешгирӣ кардани ин фалокати имконпазирро ҷустуҷӯ бояд кард ё дар Коинот сари вақт сайёраи дигареро бояд дарёфт, ки ба талаботи зиндагонии онҳо мусоид бошад, то ки пас аз мӯҳлати муайян кӯчиданро ба маҳалли нави зист оғоз намоянду маданияти Пайкараро низ дар ҷои нав барқарор гардонанд? Ҳоло маълум нест, ки онҳо чашми худро ба сӯи кадоме аз сайёраҳои нав дӯхтаанд. Ба ҳар ҳол, онҳо дар сайёраи ҳозираашон миллион-миллион солҳои дигар истиқомат хоҳанд кард, аммо ниҳоят ҳайратангез аст, ки дар хусуси муаммои ояндаи бисёр дур аз ҳоло фикр мекунанд ва ҳамагӣ чунон бо ғайрату ҳавсала фаъолият нишон медиҳанд, ки гумон мекунед ин муаммо ба сари насли ҳозираи аҳолии ин ҷо афтода бошад. Наҳот ақаллан дар каллаи ягон кас чунин хаёлаки разилонае наомада бошад, ки «баъд аз сари ман дунё сӯзад ҳам, майлаш?» Ба ҳамин монанд як андешае ба сари худамон омад ва мо дарун-дарун хиҷолат кашидем, чунки ба мо гуфтанд, ки қисми зиёди маҳсулоти умум барои барномаи пешгирӣ кардани хушкидани дохили сайёра сарф мешавад. Мардумони ин ҷо кӯшише доранд, ба тӯли ҳазорон-ҳазор километр — қад-қади биёбоне ки тадриҷан ҳамла меорад, — садде устувор намоянд. Чоҳҳои бағоят чуқур кофта, ба қаҳри сайёра чунон моддаҳои тӯвилулмуддати беасаркунанда мерезанд, ки он моддаҳо,

пешина
аз 293
навбатӣ