33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Агар мо бетараф бошем, агар ҳар фарди миллатдўст дифоъ аз ҳар вожаи аслии тоҷикӣ накунад, пас аз чанд садсола шеъри Рўдакиву Фирдавсиро наслҳои оянда бо луғат хоҳанд хонд. Ва ҳам Бозору Лоиқро.
«СССР»\29.12.09
НОБ басе хубтар аз НБО-ст!
Дар мақолаи «НБО ё НОБ», ки дар нашрияҳои «СССР» (29.12.09) ва «Боргоҳи сухан» (14.01.10) чоп шуда буд, дар хусуси бартариҳои НОБ аз НБО дар 5 маврид гуфта будем. Вале баъзе вокунишҳо дар мавриди кадом шакл дуруст будан моро водор сохт, ки ба ин масъала бозгардем. Аслан мо чунин одат дорем, ки маънии якумро дарёфта, маънии дуюмро ноогаҳона ва бе таҳлили дурусти илмӣ барҳам мезанем, ҳол он ки муродифот хоси забони мост. Мо мехостем, фикри худро дар мавриди саҳеҳ ё дурустии вожа ҳам аз нигоҳи равониву содагӣ ва ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз диди тарҷумаи гидроэлектростансия баён дошта бошем. Баъди ин чандин мақолаҳо ба миён омаданд, ки баҳсро дар атрофи ин ду ибора ба миён оварданд. Ин хеле хуб аст, зеро ҳақиқат зодаи баҳс аст. Ва баҳси воқеан илмӣ (на ғаразнок) метавонад шакли дурусти вожа ё ибораро ба хонандагон ва ҷомеа пешкаш намояд. Ва бо эҳтиром аз афкори муқобил ба ҳамаи он касоне, ки дар ин баҳс иштирок намуданд ва бетараф набуданд, изҳори ташаккур мекунем, зеро онҳо вокуниш нишон дода, моро ба фикр кардан водор намуданд, то ин навишта тавлид ёфт.
Аз нигоҳи ибораороӣ
Аз нигоҳи иборасозӣ шакли Нерӯгоҳи обии барқӣ беғалат аст.
Зеро нерӯгоҳ ҷузъи асосӣ, яъне муайяншаванда буда, муайянкунандаҳои тавсифӣ метавонанд тафсил ёбанд. Мисли хонаи кушоди баланди барҳаво, духтари рӯймолдори қоматбаланди атласпӯш ва ғ. Дар ин мисолҳо калимаҳои хона ва духтар муайяншаванда буда, ҷузъи асосӣ ҳисоб мешаванд ва ҷузъҳои боқимонда муайянкунанда ё ҷузъи тобеанд ва ҷузъҳои тобеъ метавонанд дигар шаванд ё тафсил ёбанд. Баъзеҳо ақида доранд, ки ибораи «нерӯгоҳи барқ» ҷузъи асосист. Дар ибораҳо ду калимаи ба воситаи бандаки изофӣ алоқамандро наметавон ҷузъи асосӣ номид.
Ҷузъи асосӣ калимаи воҳид бояд бошад. Яъне нерӯгоҳи барқ (электростансия) ду ҷузъ аст, на як ҷузъи том. Агар мо ҷузъи асосиро аз ду калима иборат донем, дар иборасозӣ харҷумарҷ ба вуҷуд омада, ниҳоят баҳсҳои беҳуда ба миён меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё