33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Нахуст чӣ кор бояд кард? Аввал ин вожаҳоро ба забони модарӣ бояд баргардонд. Ва муҳимтар аз ҳама вожаҳои тоҷикӣ бояд ба чашму гўшу забон нишинанд, яъне чашму гўшу забони мо бояд ба тоҷикӣ омўхта шавад. Дар ин кор нақши ВАО хеле муҳим аст. Бубинед 20 сол пеш ҳама ГЭС мегуфтем, акнун НОБ-и тоҷикӣ ва як сол пеш лампочка мегуфтем, акнун фурўзонак дар чашму гўшу забони мо нашастааст, ки ин мусоидати сиёсати давлат ва нақши ВАО-ст.
Дар ин шабу рўз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва бар сари кор омадани забоншиноси варзида ва устоди мо дар соҳаи таърихи забон Додихудо Саймуддинов айни муддаост. Бошад, ки ин забони ба ҳуҷуми мўрумалахвори аҷнабиён дучоргашта, аз умқи таърих бо бадани пурҷароҳат то имрўз расида ислоҳу даво ёбад ва аз калимоти бегона тоза гардад. Агар имрўз тоза нагардад, пас ҳеҷ вақт тоза нахоҳад гашт. Албатта, ин кор ниҳоят мушкил аст. Дар ин ҷода ҳама устодони соҳибтахассус ва махсусан устодони фанҳои забону адабиётро лозим меояд, ки дар ёфтану ба омма расонидани вожаҳои аслӣ ба кумитаи истилоҳот ёрӣ расонанд. Зеро ин забон мисли баҳр аст ва мутаассифона вожаҳои аслии тоҷикӣ чун дур зери ин мавҷҳои пурталотуманд ва ғаввоси ошномоҳир мебояд, ки ин гавҳарҳои пурқимати зери баҳрро ба омма расонад. Дар аввал барои омўхта шудани чашму гўш вожаи навпайдои тоҷикиро ёфта, дар қавсайн гуна (вариант)-и русиашро то як муддати муайян овардан аз аҳамият холӣ нест.
Ин амалро на аз рўи таҷрибаи корхонаи шир бояд анҷом дод.
Корхонаи шири пойтахт маҳсулоти корхонаро аз рўи диди хеш номгузорӣ карда, дар фаҳми мардум вобаста ба нарху навои ҳархелаи маҳсулот нодурустфаҳмиҳо эҷод кардааст. Ҳол он ки агар бо маслиҳати забоншиносе ё бо кумитаи истилоҳоти пештара амал мекард, чунин нофаҳмиҳо намешуд. Масалан аз рўи диди масъулони ин корхона сметан дигар асту қаймоқ дигар, кефир дигар асту ҷурғот дигар, зеро нархҳояшон гуногунанд. Ҳол он ки дар луғатҳо ин вожаҳо таҷумаи якдигаранд. Агар маҳсулот аз рўйи сифат фарқ дошта бошанд, масъулин бояд аз рўи таҷрибаи ҷаҳонӣ кор мегирифтанд.
Чунончи ҷурғот 1, ҷурғот 2 ё қаймоқ 1, қаймоқ 2, ширбаст 1 ширбаст 2 ва мисли ҳамин. Агар чунин мекарданд, барои забони модарӣ ва давлатӣ хизмат мекарданд ва маъниро қурбони сифати маҳсулот намекарданд ва дар баробари вожаҳои зебои тоҷикӣ вожаҳои бегонаро дар зеҳни мардум намешинонданд. Зимнан, ҳамон творогро чакаву сири русиро панир гўему номгузорӣ кунем, маззааш бештар мешавад, ки кам не. Бубинед, дуғоб алакай дар зеҳни мардум нишастааст.
Бале, иқтисодиёт метавонад вожаҳои аслии тоҷикиро дар зеҳни мардум биншонад ва дар маҷмўъ забонро ба пеш бубарад. Агар дар ошхонаҳо номи хўрокҳо аз қабили бифштекс, чхамбили, супити, пити, гуляш ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё