33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар ҳаёти ҳаррўзаи мо аз ашёҳои хона сар карда, то дигар вожаҳои гуфтугўӣ он қадар калимаҳои русӣ дар истифодаанд, ки миқдорашро касе ҳисоб накардааст. Як бор ба худ суол диҳед, ки дар ҳаёти ҳаррўза шумо квартира мегўед ё хона, ванна мегўед ё ҳаммом, умивалник мегўед ё ташт, столу стул мегўед ё мизу курсӣ, вилкаву лапотка мегўед ё шохинчаву каҷбел ва ғ.
Меъёри истилоҳ – роҳи воридшавии вожаҳои бегона Баҳонаи дигар меъёри истилоҳ аст, ки ин меъёрро бояд ҳама риоя мекард. Яъне як меъёри истилоҳ ин аст, ки он тарҷума намешавад.
Ана, ҳамин меъёр роҳи васеъ кушод ба калимаҳои хориҷӣ, ки ба майдони сухани ноби тоҷикӣ ворид гарданд ва ҷои вожаҳои худиро ба тадриҷ танг карда гиранд. Аммо ба миён омадани луғатҳои зиёди касбӣ-соҳавӣ гувоҳ бар бепоя будани ин меъёр гашт. Яъне, истилоҳ тарҷума мешавад ва дигар чун замони шўравӣ тарҷумаи вожаҳои великий рус гуноҳ нест. Гарчанде он аз забони Ленини Кабир бошад ҳам. Акнун ин забон он қадар хатар эҷод намекунад, ки вожаҳои англисиву франсавӣ ва чинӣ бо баҳонаҳои гуногун эҷод кардан доранд.
Меваҳои замони истиқлолро ҳифз кунем!
Бубинед, дар замони худшиносӣ вожаҳои донишгоҳ (университет), пажўҳишгоҳ (институт), донишҷў (студент), дафтарчаи имтиҳонӣ (зачётка), додгоҳ (суд), додситону додситонӣ (прокурору прокуратура), парванда (дело) ва ғайраву ҳоказо чун меваҳои дарахти истиқлол қисме ба бор омаданду қисме хушк шуданд. Чӣ шудааст ба ҳамватани мо, ки парвои забони миллат надорад ва вожаи аслиро чашми дидан.
Ва вожаҳои бегонаро чун меҳмони қадрдон ҳурмат кардан дорад. Ва сарқонуни тоҷикиро дар қавсайн мегираду конститутсияи хориҷиро бологузар мекунад. Фурудгоҳи тоҷикиро меканаду аэропорти хориҷиро мечаспонад. Аз вожаи зебои тоҷикии донишкада ор дораду аз факултети хориҷӣ фахр. Бехабар аз он, ки 40-50 фоизи нутқи мо арабӣ ва сиву чили дигараш русиву туркиву муғулӣ гашта. Дар ин миён чӣ мемонад? – нақли Мушфиқиву Хоҷа Аҳрори Валӣ!
Ба донишомўзон супориш диҳед, ки ҷумлае дарозтар (на сода) соф аз вожаҳои аслии тоҷикӣ созед. Оё чунин ҷумла сохта метавонанд?
Агар тавонанд, эй басо ҷумлаи нодир хоҳад буд. Агар ҳол чунин фориғболона идома ёбад, баъди даҳсолаҳо ҷумлаҳои тоҷикӣ чӣ, ки вожаҳои тоҷикӣ ба нўги сўзан аз вайронаҳои Афросиёбу аз харсанги Бесутун ҷустуҷў хоҳанд шуд.
Чаро ба Эрон бе тарҷумон меравем?
Эрону Афғонистону Тоҷикистон муттакои якдигаранд дар мавриди муҳофизати вожаҳои аслии форсии дарии тоҷикӣ. Ҳоло ҳам баъзе бехабарон бе тарҷумон ба Эрону Афғонистон сафар доранду бо бародари эронӣ муошират мекунанд ва фикри якдигарро мефаҳманд ва боз исбот карданӣ мешаванд, ки забони форсӣ дигар асту тоҷикӣ дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё