Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Масъалаи дигар ҷудо ва якҷо навиштани калимоти мураккаб ва таркибист. Зимнан ин ду истилоҳ мураккаб ва таркибӣ ҳамреша буда, (ниг. ба луғатҳои арабӣ), аз феъли ракиба – савор шудан бар болои чизе пайдоиш доранд. Аъроб дар рикоби як вожа вожаи дигареро чун ду савора дар як маркаб тасаввур намуда, мураккабун ва таркибиюнро ба маънои сохташуда истифода мебаранд. Яъне се истилоҳ – сохта, мураккаб, таркибӣ як маъно доранд – сохташуда. Забоншиносони мо низ аз ин ду калимаи ҳамреша ду истилоҳро ном гузошта, қоидаи ҷудонависӣ (яъне калимаҳои таркибӣ) ва якҷоянависӣ (яъне мураккаб)-ро ба забон ва имло дохил намуданд. Имрўз дар натиҷа вожаҳои тумтароқе аз қабили сангиосиётарош (се реша), занбўрисалпарвар (се-то), рўймолбасар (низ се-то) ва ғ пайдо шуданд.
Агар мо аз қоидаҳои хатти ниёгон, аз ҷумла ҳарфҳои муттасила ва мунфасила, якҷояву ҷудо навиштани вожаҳои дурешадор истифода мекардем, дар сари мардум ин ду қоидаи сохтаву бофтаро бор намекардем. Зимнан калимаҳоро хоҳ ҷудо нависем, хоҳ якҷоя, маъно аз матн бармеояд (манзур вожаҳои се решадор аст) ва чун таҷрибаи хатти ниёгон бояд беташвиш аз ҷудову якҷоя навиштананашон наҳаросем. Ба ибораҳои зерин диққат диҳед: духтари рўймолбасар.
Акнун бояд мо задаи алоҳида гузорему муайян кунем, ки кадом ҷузъ бояд ҷудо навишта шаваду кадомаш якҷо, дар сурате, ки муайянкунанда тафсил ёфтан мегирад: духтари рўймоли сурхбарсар, духтари рўймоли сурхи ҷигарӣ барсар, духтари рўймоли сурхи ҷигарии зарҳалӣ барсар ва ғ. Акнун ёбеду гиред, ки кадомашро ҷудо нависему кадомашро якҷо. Қоидаи имло (с.1998) инро муайян накардааст. Агар мо мавзўи мураккабу таркибиро ин қадар сохтакорона илм намекардем, ин мушкилот ҳалли худро меёфт. Дар калимаҳои гунаи боло бигузор ду ҷузъи охир якҷо навишта шаванду дигараш ҷудо. Мисли ҳамин марди ҷомадор, марди ҷомаи беқасабдор, марди ҷомаи беқасаби пахтадор; марди занбўрпарвар, марди занбўри асалпарвар, устои сангтарош, устои санги осиётарош; Яъне, асоси феълӣ танҳо калимаи охирро бо худ гирад, кифоя аст. Дар мавриди зерин бошад, ҷудо нависем беҳтар аст: марди нав омада, марди нав аз дар даромада, марди нав аз дар давида даромада. Шарт нест, ин қадар калимаҳоро бордор кардану сеошёнаву чорошёна кардан. Пас хуб мешуд, ки умуман ҳар се истилоҳ ҳам сохта ва ҳам мураккабу таркибӣ бо як ном (сохта) ифода мешуд.
Имлои осон – роҳати пиру ҷавон!
Баъзе устодон иброз медоранд, ки имлоро ин қадар сабуку осон накунед, бигузор бачаҳо фикр кунанд, майна об кунанд, бо ин роҳ майнаи бача инкишоф меёбад. Вале ба фикри мо, хуб мешуд донишҷўён атрофи масъалаҳои муҳимтаре аз қабили эҷодкорона навиштани иншо, ифода карда тавонистани эҳсосоти ботинӣ дар иншо, ҷумлаҳои солиму услубан беғалат ва дигар масъалаҳои умда майна об мекарданд, на дар атрофи он ки буйи хуш хатча дорад ё не ва барои ин луғат кобанд.

пешина
аз 161
навбатӣ