Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди гуфтану дар дил тасдиқ намудани ин калима, ки Тайиба ном дорад, шахс мусалмон мешавад ва то даме, ки ў мегўяд: «ман мусалмонам», ҳеҷ шахсе ҳақ надорад, ки ўро абадулабад бо тамғаи кофарӣ дар дўзах андозад. Далели мо ҳамон ҳадиси саҳеҳ аст. Ва ҳеҷ як амале аз қабили нўшидани шаробу нахондани намоз, ки инҳо ҳама гуноҳони кабираанд, дар эътиқоди ў халал ворид намекунад ва ҳамсараш низ талоқ намешавад. Дар мазҳаби мо низ шахс бо содир кардани гуноҳи кабира гунаҳгор мешавад, вале кофир намешавад.
Зеро шахс бо гуфтани калимаи тайиба мусалмон мешавад. Ва амалҳои ў боқӣ ҳама савобу ваболи ўянд. Ин мисли он аст, ки шахсе нонро беҳурматӣ мекунад, пас ў ношукрӣ мекунад, ношукрӣ хилофи ояти «шукр кунед, зиёда мекунам» мебошад, пас ў куфрон дар неъмат кардааст, на дар эътиқод. Эътиқод ё мусалмонии ў мисли кўҳ устувор аст. Ё шахсе намозро беузр қазо мекунад, пас ў куфрон дар тоат кардааст, на дар эътиқод. Ў мувофиқи гуноҳи кардааш ҷазо хоҳад гирифт, вале кофар ҳукм кардани ў беинсофӣ ва нодуруст аст. Маҳз ин ҷиҳати нозук ва ниҳоят муҳими масъаларо баъзе муллоҳо ба инобат гирифтан намехоҳанд ё умуман намедонанд.
Муллоҳо тайёр нестанд
Рост мегуфт як рафиқам, ки муллоҳои мо барои як ҷомеа ё давлати навини исломӣ омода нестанд. Дар ҳақиқат, фатвои баъзе аз онҳоро дар мавриди ҷашнгирии идҳои соли наву 8-уми март шунида, ба даргоҳи Худованди Азза ва Ҷалла шукр мекунам, ки чунин афроди нолоиқро бар болои мо мусаллат нагардонид, вагарна ин тоҷики аз тарбияи шўравӣ берунҷаста, бо ин психологияи аз Ивантағояш меросмонда ҳар лаҳза ҳукм ба куфр мешуду чун Мансур ба зери дор мерафт. Чун дар остонаи соли нави масеҳӣ қарор дорему тамоми мардуми тоҷик ин идро анқариб сад сол аст ҷашн мегирад, муллоҳои мўҳтарам ин ҳама далоилро ба инобат гирифта, сари он ҳама фатвоҳои қаблӣ андеша кунанд.
Ёд дорам, дар Русия чеченҳои бо русҳо унсгирифта, вале қавиэътиқодро, ки бо лафзи Ассаломуалайкум ҷаҳида мехестанд, ки мусулмон омад. «Я мусулман, ты мусулман, мы братя» гуфтанашон ҳанўз аз гўшам нарафтааст. Онҳо бо русҳо мешинанду мехезанд, арақ менўшанд, чӣ корҳое, ки намекунанд, вале афсўс мехўранд, ки намоз намехонанд ва агар касе дар пеши ишон нисбати мусулмон таҳқиреро раво бинад, чечен ҳатман ба муҳофизати мусалмон бармехезад. Оё месазад, чунин шахсро кофир гуфтан, ки ў баъзе аз амалҳои дини мубини исломро иҷро намекунад? Зеро намоз нахондани ў муваққатист ва мерасад вақте ки ў бо ҳидояти Худо ибодат мекунад.
Чун нишонаи мўъмин намоз хондан аст.
Одамонро ноумед накунед!

пешина
аз 161
навбатӣ