Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

садо медиҳад, лозим донистам перомуни вожаи мазкур ва аниқтараш ин ҳукм андешаҳои худро иброз дорам. Бошад, ки аз ин гуфтаҳо хонандаи гиромӣ чизе баҳри худ ҳосил намояд.
Куфр, кофир ё кофар аз масдари арабии каффара ё кафара гирифта шуда, маънояш пўшидан ё пўшондан мебошад.
Мухтасарбаёнкунӣ ва умуман маънидод аз мухтасарсозиҳо дар ҷумлаҳои арабӣ он қадар маъмулӣ гаштааст, ки китоби таълимиеро «Мухтасарулвиқоя» номидаанд. Агар ин китобро бо тақриру тарҷумаву тафсираш биёрем, шояд ду китоби дигареро дар бар дошта бошад. Калимаи кофир низ зинаи мухтасарсозиҳоро кайҳо аз сар гузаронидааст. Дар ибтидо шахсеро кофир мегуфтанд, ки бо сухане рўи ҳақиқатро пўшонад. Сухани куфр сухане буд, ки тавассути он бар гуфтаҳои Худову расул муқобил мебаромаданд. Як суханеро бо сухани дигар пўшонидан, ин аст маънии куфр. Пўшонидани сухани Ҳақ худ куфр аст. Кофир шахсеро гўянд, ки Худоро инкор кунад, пайғамбар Муҳаммад (с)-ро пайғамбари барҳақ надонад ва мисли ҳамин ҷумлаҳое, ки маънии болоро ифода кунанд.
Кӣ ҳаққи ҳукм карданро дорад?
Рафта - рафта вожаҳои куфру кофир чун ду истилоҳи ҳуқуқӣ дар замони исломӣ ва имрўз дар мамолики исломӣ тақдири одамонро ҳал мекард ва ҳам мекунад. Яъне, ҳукм ба куфр худ баробар буд ба ҳукми қатл дар даврони исломӣ. Пас кӣ ҳақ дорад ва метавонад ин масъулияти бузургеро ба дўш гирифта, чунин ҳукмеро содир кунад.
Дар олами ислом фатво ҳаст ва ҳукм аст. Фатво аз рўи масъала дода мешавад. Ва ислом ин масъулияти бузургро бар дўши муфтӣ ё фатводиҳанда вогузоштааст. Муфтӣ низ ҳукмро на ба фарди мушаххас, балки ба амал ва ҳодисаву воқеаҳо медиҳад. Ба таври дигар, муфтӣ вобаста ба ҳодисаву воқеаҳо ва масъалаҳои шаръӣ фатво медиҳад. Ҳукм бошад, бар дўши қозӣ (судя) вогузошта шуда буд. Аз асарҳои Айниву Икромӣ маълум мешавад, ки қозиҳо ҳеҷ як масъалаи ҷиддиро бе маслиҳати муфтиҳо ҳал намекарданд. Аз ин рў қозӣ дар асоси маслиҳати муфтӣ ҳукми худро содир мекард. Дар ҷомеаи демокративу дунявии имрўзаи мо ҳеҷ кас ҳаққи чунин ҳукм карданро надорад. Ва қозиёту муфтиёт низ чун пештара фаъолият надоранд.
Куфрон дар тоат ё эътиқод
Агар фаъолият медоштанд ҳам бояд аз рўи ақлу заковат ва ояту ҳадис ҳукм мекарданд, на чун муллоёни беандеша, ки бо амале дар тоат ё зиндагӣ шахсро даррав ҳукм бар куфр ва завҷаи меҳрубони ўро талоқ меҳисобанд. Зеро дин ақл аст. Ва аз рўи ақл амал кардан, асоси мусалмонист.
Ҳадиси саҳеҳи расулуллоҳ (с) аст, ки «Башорат медиҳам шуморо ва башорат диҳед шумо шахсонеро, ки баъд аз шумо меоянд: ҳар кас, ки бигўяд Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммад расулуллоҳ ба дурустӣ, ки дохил мешавад ба ҷаннат».

пешина
аз 161
навбатӣ