Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё ки маънои луғавии файл қавм ё қабила аст. Чунин мисолҳо хело зиёданд.
Фақат ба калимаҳои худӣ имконият (шанс) додан даркор, то ки ба гўшу чашм омўхта шаванд ва дар забон ҷорӣ.
Ҳама бояд саҳм гиранд!
Вожаи дирам сад сол дар истифода набуд, бо ҷорӣ шудани пули миллӣ он эҳё гашт. Агар дар баробари вожаи барқи арабӣ аз эҷодиёти Рўдакӣ вожаи зебои тоҷикии озарахш (ба маънии электричество) зинда мешуд, хело хуб мешуд. Ё ба ҷои вирус заҳру ба ҷои антивирус позаҳр гуфтан касеро заҳрнок намекунад. Ё ки дар баъзе ҷоҳо қаймоқро рӯширӣ ва тоҷикони Бойсун қаймоқро ширбаст мегўянд, агар Корхонаи шири пойтахт ба ҷои сметан рӯширӣ ё ширбастро истифода мекарду менавишт, беҳтар мебуд. Ё сметан «бомаззатар» аст? Агар дар номгўи хўрокҳои тарабхонаву ошхонаҳо номҳои тоҷикӣ гузошта мешуданду дар қавс шакли аслиашон, оҳиста-оҳиста вожаҳои тоҷикӣ ба чашму гўшу забони омма медаромад ва бовар кунед, тамъи хўрокҳо дучанд мешуд, ки кам не. Масалан, ба ҷои салат нугул, ки дар лаҳҷаи ҷануб маъмул аст, дар паҳлуи хўриши умумӣ ҳеҷ бадӣ надорад. Ё ба ҷои супити мо калима ё ибораи мувофиқ надорем? Дорем, фақат хоҳиш даркор. Ё ҳамин чхамбилиро мурғшурбо гўем, намешавад?
Мешавад, фақат…
Роҳҳои инкишофи забон
Маршруткаҳои тамғаи Газелро ҳама медонанд. Аммо ин газел ҳамон ғизол (оҳу)-и тоҷикӣ аст, кам касон воқифанд. Мо низ иқтисодиёти бой дошта бошему маҳсулоти худро номи тоҷикӣ гузорем, вожаҳои тоҷикӣ зинда ва серистифода хоҳанд шуд. Тасаввур кунед, мо корхонаи истеҳсоли хома (ручка) дошта бошем, ё корхонаи дучархабарориро бо ҳамин ном гузорем, ин номҳо зинда шуда, дар забон ҷорӣ мегарданд. Яъне, як роҳи пеш бурдану тараққӣ додани забон ин иқтисодиёт аст, ки мамолики дигар аллакай пурра аз он истифода мекунанд.
Роҳи дигари тараққӣ додани забон ин сиёсат аст, ки он дар ҷои аввал меистад. Сиёсати давлати имрўзаи мо нисбат ба забон хеле мусоид аст. Эълон намудани соли забон, такмилу таҳияи Қонуни забон, ташкили Кумитаи истилоҳот, саъю кўшиши Сарвари давлат дар мавриди эҳтирому бузургдошти забон, ҷорӣ намудани имтиҳоноти хаттӣ дар тамоми муассисаҳои таълимотӣ ва ғ. бар ин гуфтаҳо гувоҳанд. Яъне, барои пешравию тараққӣ додани забон давлат шароит муҳайё намудааст. Хулоса, забони зиндаи халқ ҳаст, давлат ҳаст, Қонуни забон ҳаст (шукр!) ва бо имони комил мегўем, ки Забон соҳиб дорад, фақат онро аз унсурҳои бегона муҳофизат намудану инкишоф додан вазифаи ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

пешина
аз 161
навбатӣ