Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин вожаи фурўзонак мебошад.
Кош, чунин фармонҳои тоҷикона зиёд мешуданду вожаҳои асили тоҷикӣ зинда!
Алҳазар аз иқтибосу муқтабасҳо!
Борҳо шунидаем, ки дар фазои забонии мо як навъ бесоҳибӣ ҳукмфармост. Кадом калимае хоҳ арабӣ бошад, хоҳ туркӣ ва ё русиву аврупоӣ ба ин фазои бедарвоза ворид мешаваду мавриди истифода қарор мегирад. Ҷои вожаи аслии тоҷикиро танг карда, оқибат ба масали «муши беруна муши дарунаро аз хона бадар месозад» чун хоҷаи комилҳуқуқуқ ҳукумат меронад. Агар бовар надоред, як ба нутқи худ аз тарафе истода, назар дўзед, манзараи даҳшатнокеро мебинед. Зеро дар муддати солҳо он қадар калимаҳои хориҷӣ ва бегона, ки илман онро калимаҳои иқтибосӣ номидаем, ба забон ворид шудаанд, ки дар ин анбўҳи бегонагон вожагони аслии форсии тоҷикӣ аҳён – аҳён ба чашм мехўранд. Масалан, аз салом, алайк, хайр, мактаб, қалам, дафтар, муаллим сар карда, то даруни хона, подъезд, квартира, вана, балкон, телевизор ва ғайраву ҳоказо вожаҳои арабиву русиянд, ки дар гуфтугў ва баъзан дар адабиёти хаттӣ пурра хўҷаини истифодаанд.
Солҳои шўравӣ бо ифтихор мегуфтем, ки як роҳи инкишофи забон ин вожаҳои иқтибосиянд, вале нагуфтем, ки чӣ қадар ва чанд адад вожаи бегона забонро инкишоф медиҳанд. Дар ин инкишофкашфкуниҳо он қадар ба ғафлат рафтем ва бехабар мондем, ки агар ҳамин тавр рафтан гирад, нишоне аз вожаҳои асил намемонад.
Агар вожаи аслӣ нест, пас забон нест. Чун забони тоҷикӣ нест, пас вожаҳои тоҷику тоҷикистонӣ зери суол қарор мегирад. Ана акнун фаҳмидед, оқибати ногувору даҳшати онро? Барои ҳамин тезиси машҳури замони шўравӣ «калимаҳои иқтибосӣ забонро инкишоф медиҳанд»-ро, ки имрўз ҳам баъзе муаллимони фориғбол такрор дар дарсҳо мегўянд, баръакс карда мегўем: «Вожаҳои бегона ва иқтибосӣ забонро ба нестӣ мебаранд! Калимаҳои бегона чун заҳрпечак дар гандумзор вожагони худиро ҷабида, оҳиста-оҳиста ҷои онҳоро соҳибӣ мекунанд. Алҳазар, аз калимаҳои иқтибосӣ!».
Пешниҳод доштам, ки тарғиби вожаҳои бегона куллан бас карда шавад. Ба ҷои он вожаҳои худӣ тарғиб (реклама) шаванд!
Тарғиб ё рекламаи вожаҳои тоҷикӣ Шикоят мекунем, ки мо вожаҳои тоҷикиро намефаҳмем. Ё ки ба ҷои калимаи бегона вожаи тоҷикиеро пешиниҳод кунанд, баҳона меорем, ки «незвучит!». О бародарон, агар вожаи тоҷикиро истифода накунем, агар талаффузи он дар гўш нанишинад, агар сохту сурати он дар чашм нанишинад, албатта, «незвучит!». Барои он ки вожаи аслии тоҷикӣ дар чашм омўхта шавад, дар гўш шинос шавад ва дар забон нишинад, чунин амалҳо ҳатмиянд:

пешина
аз 161
навбатӣ