33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Баъди ин дар рӯзномаҳои даврӣ перомуни фомилсозӣ ё насабсозии тоҷикӣ баҳсу мунозираҳо зиёд шуданд. Тарзи фомилсозиро ҳар кас ҳар гуна пешниҳод мекард. Ҳатто баъзеҳо то 17-18 намуди насабсозии тоҷикиро пешниҳод намуданд, ки ростӣ ин зиёдаравӣ дар гунасозии насаби тоҷикӣ таъсири манфӣ расонд, ки имрӯз зарари онро мо дида истодаем.
Камина низ дар яке аз шумораҳои «Ҷумҳурият» аз 10.05.2007 ва ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз 27.04.2007 дар мавриди роҳи осонтарини тоҷикӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва фомилсозии ягона пешниҳоде доштем, ки танҳо аз тарафи баъзе рӯзноманигорон дастгирӣ ёфту халос. Аз ин рӯ пешниҳод доштам, ки ба қонуни забон тағйироти мавриди зикрро дароварда, ба МН МО ҶТ пешниҳод намоянд. Хуб мешуд чунин тағйиротро Кумитаи забон ва истилоҳот ба Ҳукумат пешниҳод мекард.
Ба фикри мо ин банд зарур ва ҳатмӣ аст. Мо кишвари соҳибистиқлолем. Ва бояд насабномаи аҷдодиро эҳё намуда, онро дар шакли якхела ва ягона дар зеҳни ҳамсоягону умуман ҷаҳониён бишнонем, то ки минбаъд моро аз насабамон низ шиносанд.
Лекин чӣ гуна насаб, ин баҳси алоҳида аст. Чуноне ки гуфтем, намудҳои гуногуни насаби тоҷикиро пешниҳод карданд, ки дар натиҷа дар ҳуҷҷатгузории тоҷикон як харҷумарҷ ва бесарусомонӣ ба миён омад. Зимнан то имрӯз баъзеҳо насабро аз номи падар фарқ накардаанд. Насаб ин номи хонаводагӣ ё номи оила аст. Номи оила ё хонаводаи тоҷик аз қадим бо пасванди ҷамъбандӣ сохта мешуд. Дар замони шӯравӣ низ мо баъди пасванди русии –ев боз ҳамон пасванди ҷамъбандиро илова мекардем ва номи оила месохтем, мисли оилаи Ғаниевҳо, Саидовҳо Сафаровҳо. Яъне он –ев, ки бегона буд, дар насабсозии мо мавкеъ пайдо накард, ки боз –ҳои тоҷикиро илова кардем. Албатта ин –ҳо дар замони шӯравӣ расм шуда буд. Аммо аз қадим тоҷикон бо пасванди ҷамъбандии –он (гунаҳояш –ён, -вон, гон) насаб ё номи хонавода месохтанд.
Чун Тоҷикистон давлати тозабунёд аст, аз ин рӯ пешниҳод доштам, ки насаби якхела ҷорӣ гардад. Аз пасвандҳои мавҷуда танҳо як пасванд интихоб шавад. Ба чанд далел:
- Тамоми ҳуҷҷатҳои мо аз шаҳодатномаи таваллуд сар карда, то журнали синфиву анкетаву ҳоказо аз рӯи нақшаи ФИО (Фамилия, Имя, Отчество) тартиб дода шудааст. Ана ҳамин се ҷузъ дар насабнома бояд риоя шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё