Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фасли 1. Дин ақл аст

Далели ақлӣ ё далели нақлӣ

Дер боз мехостам перомуни далоили ақливу нақлӣ чизе рўи коғаз биёрам. Аммо фурсат даст намедод. Инак, Ҷамшеди Советӣ- ҷавони басо ҷўяндаву роғиб ба ин ҷумлаи мо «Дин ақл аст» эътироз баён карда, бо мо ҳамсўҳбат шудаву ин масъаларо матраҳ сохтанд. Он кас мегўянд, ки: дин ақл нест, балки нақл аст ва он чи ки мо мегўем, дар асоси ояту ҳадис, яъне нақлҳои шунидаву хондаамон бояд гап занем, на аз ақли худ. Аммо мо даҳҳо мисолҳо аз ёрони паёмбар (чорёрон), эмомон ва дигар олимони ислом оварда метавонем, ки дар асоси қиёси шаръиву қиёси ақлӣ масъалаҳоро ҳал намудаанд.
Гавҳари ақл
Ақл ҳам чизи шариф аст ба ҳар кас нарасад, гуфтааст бузурге.
Худованд аз тамоми махлуқоти рўи замин инсонро шарифтару бузургтар офарид, зеро ба ў гавҳаре ато намуд, ки дар дигар ҷонзоти ҷаҳонӣ нест. Ин гавҳарро АҚЛ ном аст. Дар Китоби муқаддас – Библия гуфта мешавад: «Ва худо Одамро ба сурати худ офарид, ўро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид. Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: борвар ва афзун шавед ва заминро пур кунед ва онро тасарруф намоед ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне, ки бар рўи замин мехазад, ҳукмрон бошед(Ҳастӣ. Боби 1, оёти 27-28)». То ки хонандаи гиромӣ ин сухани Библияро муқобил ба оят аз сураи Ихлос «Ва набошад Ў (Худо) ба касе монанд» надонад, ояти Библияро шарҳ медиҳем.
Мақсад аз офаридани Одам ба сурати худ ва сурати Худо ин аст, ки Одам шакли зоҳирияш ба худаш монанд офарида шуд, яъне одам шакли худро гирифт, на шакли дигареро, вале аз он ҷиҳат, ки ў аввалин ҷонзоти соҳибақл буд, маҳз аз ҳамин ҷиҳат ба Офаридгор монанд офарида шуд. Чун давоми ояи Библия таъкид бар ҳукмрон шудани одам бар тамоми мавҷудоти зинда аст, тақвияти фикри мост.
Зеро чуноне ки мебинем, инсон маҳз бо ақли худ дигар ҳаявонро мутеъи худ сохт. Вагарна чӣ гуна метавонад кўдаке бад-он хурдӣ пилеро бад-он бузургӣ ба зону шинонад.
Ақли кул
Ақли кул ин ақли комилу пурраест, ки танҳо Холиқи лам язолро мансуб аст. Банда бо ин ҳама кашфиёти заминияш, бо ин ҳама рисолаҳои номзадию духтурияш пеши он Ақли кул сарафкандаю хиҷил аст.

пешина
аз 161
навбатӣ