33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ва он гуфтаи Саъдии аввалӣ ин аст:
Мушк он аст, ки худ бибўяд,
На ин ки аттор(яъне Сайёф) бигўяд…
Китоби нахустини Саъдии Маҳдиро, мураттаб аз матлабҳои хонданӣ барои муштариёнаш табрик мегўям!
Бо дуо Сайёфи Мизроб!
Вале ҳар матлабе, ки дар СССР нашр мешавад, Сайёф онро таҳрир мекунад ва онро зебу оро медиҳад, мустаҳкам мекунад ва ҳирфаӣ мегардонад. Аз ин рӯ саҳми Сайёф дар ин маҷмӯа бузург аст.
Дар ин 120 – 140 шумораи СССР мо тавлиди як чизро дидем - мактаби бузурги журналистии Сайёфро. Бале, инро бояд ҳар як журналисти тоҷикистонӣ эътироф кунад. Имрӯз ҳар нафар донишҷӯ ва навҷавон худро дар СССР мебинад, шаҳди мақолаи худро мечашад. Фарзандони ман Ҷаҳонгиру Ҷаҳоншоҳ дар СССР матлабҳо ба чоп доданд.
Духтаронам Марҷонаву Шаҳнозаву ҳатто Раҷабгули хатношинос СССР-ро мехонанду завқ мебаранд. Ҳамсояҳои ман СССР-хонанд. Ба таъбир узви ихвоналСССР-анд. Бале, ин аст мактаби рӯзноманигорӣ!!!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё