Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар мамлакатҳои араб фақиронро меҷўянд, вале намеёбанд, ки фаризаашонро адо кунанд, зеро фақирону кмбағалон хело камшуморанд. Закотсупорӣ бештар дар моҳи шарифи рамазон сурат мегирад, зеро савобаш дар ин моҳ даҳ маротиба зиёд аст. Фикр мекунам, ки дар ҷаҳон ва умуман дар таърихи башарӣ аввалин маротиба фақирон фахр мекунанд, ки онҳоро мекобанд.
Ҳикмати арабии «Алфахри минал фақри», яъне фахри ман аз фақри ман аст, ибратомўз аст. Кош дар мамлакати мо низ чунин шаваду тавонгарон фақиронро кобанду наёбанд. Омин! Агар шахсе, ки молаш ба нисоб расидаасту гўяд, ки ман доим хайру садақа мекунам ва закот надиҳад, хайраш ва ҳатто намозаш қабул намешавад, то вақте ки закотро надиҳад. Бале бузург аст ислом!
5. Ҳаҷ кардан. Тавофи байтуллоҳ ё байтулҳаром барои ҳар як муъмин ва мўъмина фарз аст, вале аз рўи қувват ва тавоноӣ. Аммо таъкидан барои он шахсоне, ки ҳар сол ба ҳаҷ мераванд, гуфтанием, ки агар ҳамсоя ё хеши дуру наздикат гурусна бошад, хуб мешуд, ки маблағи муайянеро баҳри онҳо сарф кунӣ. Чун ҳаҷи фарзӣ як бор аст.
Чун моҳи шарифи рамазон меояд, мо лозим донистем як бори дигар бинои мусалмониро ёдрас шавем, зеро бисёранд шахсони ғофил, ки ҳатто оддитарин рукнҳои исломро намедонанд. Агар касе хонаду ақаллан ҷумлае бардорад, мо хушнуд мешавем, зеро расул (с) гуфтаанд: мўъмин касест, ки аз кори некаш хурсанд шавад. Боқӣ вассалом!
«СССР»\ 13.08.2009

Аввалуҳо раҳматун…

«Ё айюҳаллазина оману кутиба алайкумус сиёму камо кутиба ъалаллазина мин қабликум лаъалакум татақун, айёман маъдуддот…».
Тарҷума: «Эй касоне, ки имон овардаед, рўза бар шумо фарз гардонида шуда, чунончи ба касоне, ки қабл аз шумо буданд, фарз карда шуд, то шояд, ки парҳезгор шавед, рўза дар рўзҳои шумурда шудааст…» (сураи Бақара, ояи 138).
Инак, моҳи шарифи рамазон фаро расид. Моҳи файзу баракат, моҳи дастархони пур аз нозу неъмат. Моҳест, ки воқеан мўъминин интизораш буданд.
Ёд дорам замони шўравӣ, дар деҳаи мо масҷид набуд. Ҳар рамазон мардум дар хонаи мо ҷамъ мешуданд. Бале, хонаи мо масҷид буд. Дар назди хонаи мо чашма воқеъ аст, ки бегоҳ рўзадорон махсусан занони қишлоқ ҷогаҳҳои обгирӣ дар даст ҷамъ мешуданд, то овози азони шомро шунаванду рўза шукоянд.

пешина
аз 161
навбатӣ