Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фикр мекунем, ҳамин ҷиҳатро савдогарону туҷҷори тоҷик дуруст дарк накардаанд ё аҳли илм ба онҳо дуруст онро фаҳмонида натавонистаанд.

Бинои мусалмонӣ бар панҷ навъ аст:

  1. Калимаи Шаҳодат: Гувоҳӣ медиҳам, ин ки худои дигаре ғайри Аллоҳ вуҷуд надорад ва гувоҳӣ медиҳам ин ки Муҳаммад паёмбари Худост. Инро бо тоҷикӣ гуфтан ва фаҳмидану дар дил тасдиқ намудан ибтидои мусалмонист. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки ин калимаро бо забони модарияш ба фарзанд бифаҳмонад. Албатта, шакли арабияшро донад, хуб аст. Аммо ба забони модарияш онро фаҳмидан ва дар дил тасдиқ намудан муҳимтар аст. Зеро имон чист? – ал имону иқрорун биллисони ва тасдиқун билқалбӣ. Яъне, имон ин иқрор кардан аст ба забон ва тасдиқ кардан аст ба дил.
    Бовар кунед, аз талабаҳо калимаи тайиба ва шаҳодатро пурсед, кам андар кам онро ҷавоб дода метавонанд. Ҳол он ки шахс бо ин калимаро гуфтан ба мусулмонӣ ворид мешавад. Муаллимони таърихи динро лозим аст, ки аз соли эълоннамудаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон истифода намуда, ба ҷои гузаштани ақидаҳои атеистии замони шўравӣ бинои мусалмониро ба талабаҳо таълим диҳанд.
  2. Панҷ вақт намоз гузоридан. Намоз ин нишонаи мусалмон аст.
    Маҳз намоз аст, ки мусалмон аз ғайримусалмон фарқ карда мешавад.
    Намоз покиву тозагиву шикастагист. Яъне, таслим шудан ба холиқи тамоми ашё ва розиқи тамоми махлуқоти зинда. Паёмбар (с) фармудаанд, ки хушнудии ман дар намоз аст. Ҳар кас, ки намоз хонда бошад, ин фармудаи он ҳазратро ҳар лаҳза дар вуҷуди худ ҳис мекунад ва агар бо сабабе як рўз намоз нахонад, андўҳгин мешавад ва гўё чизеро гум карда бошад, дар ташвиш мешавад. Агар бо забони оддии тоҷикӣ ба фарзанд аҳамияти намозро фаҳмонида натавонем, вай ҳеҷ гоҳ намоз намехонад. Беҳуда зарбу лат намудан аҳамият надорад, то мо мақсад аз намозро нафаҳмонем.
  3. Рўзаи моҳи шарифи рамазон доштан. Чуноне ки гуфтем, рўза ин замони тоза кардани рўҳу ҷисм аст аз ҳама гуна фасоду нопокиҳо.
  4. Закоти мол додан. Ман шахсан як бори дигар бузургии исломро дар ин рукн мебинам. Ин рукн маҷбур мекунад тавонгарону ба истилоҳ миллионерҳоро, ки пулу моли худро танҳо нахўранд ва онро аз рўи миқдори муайян бо сағирону бечорагону камбағалон тақсим кунанд ва илло мусалмонии онҳо комил нест. Закот касе медиҳад, ки се ҳазор доллари амрикоӣ маблағ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ мисли моли тиҷоратро доро бошад ва ин маблағро як сол нигоҳ доштааст. Аз се ҳазор доллар 75 доллар. Шахси бехона аз додани закот озод аст.
    Закотро закот гуфта додан даркор на садақа. Ва онро беминнат мисли ибодат бояд адо кард ва бояд миннатдор шуд, ки чунин шахси фақиреро ёфта фарзро адо кардӣ.
пешина
аз 161
навбатӣ