33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Дар мамлакатҳои мутарраққӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин табақаи нодири ҷамъият, яъне устодон, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд, хориву зорӣ набинанд ва дастнигар набошанд ва маблағҳои зиёд ҷудо мешавад.
Тасаввур кунед, муаллим ба дарс медарояд, Ў бояд дар бораи физикаи ядроӣ ба бачаҳо дарс гўяд, аммо дар хона орд нест, равған нест, писарчаҳо либоси дуруст надоранд. Ў чӣ гуна дарс хоҳад дод ва шогирдони ў чӣ хоҳанд омўхт? Чӣ ин сахтҷонро дар мактаб нигоҳ доштааст? Ишқи касб ё чизи дигаре? Бале, сахтҷонтарин ва сабуртарин табақаи аҳолӣ ин муаллимонанд, воқеан пуртоқатанд устодон. Бошад, зеро Худо бо собирон аст.
«СССР»\23.04.09
Таъсири кино
Кино, ки ба ақидаи Ленин аз ҳама санъатҳо муҳимтар аст, қудрате дорад, ки дўстро дар назарҳо душман ва баръакс нишон диҳад. Пас чаро аз чунин фишанги пурзўр истифода накунем ва маблағҳои бештаре ба ин соҳа ҷудо накунем. Чун мақсад сохтани як миллати банангу номус бошад! Ва муҳимтар аз ҳама баъди раҳоӣ аз чанги идеологияи кинои шўравӣ, ки аз мурдани бародари мусалмону ватандори банангу номусат, ки кинои советӣ ўро босмачӣ номидааст, табли шодӣ мезаниву аз захмӣ шудани як нафар истилогар, ки кино ўро дўстат нишон медиҳад, ашк мерезӣ. Ин бозӣ карданҳо ба эҳсосоти одамон тамошобинро ончунон гумроҳ мекунад, ки намедонад киро дўст хонаду киро душман дорад. Дар натиҷа ў ба як махлуқи бетафовут мубаддал мегардад, ки аз манқурти Чингиз Айтматов монданӣ надорад. Ана, чӣ гуна мешавад нест кардани ғурури миллӣ!
Кинои ҳиндӣ омад!
Ин ҷумлаест, ки солҳои Шўравӣ дар қишлоқҷойҳо мешунидем. Он замон дар девори хонаҳо матоъи сафедеро меовехтанд ва кинотеатрҳои сайёр барои колхозчиён баъди пахтачинӣ кино намоиш медоданд. Чӣ замонҳои хуше буданд он замонҳо. Вобаста ба тараққиёти техника имрўз ҳоҷат ба он кинотеатрҳои сайёр намондааст. Айни онро мо дар чизи ди гаре мебинем. Дар мо одат шудааст, ки ҳар рўзи истироҳат ба воситаи телевизион филмҳои ҳиндӣ намоиш диҳанд. Ҳатто мардҳои синнашон ба ҷое расида дар назди телевизор нишаста, аз филмҳои фачу сустсужаву сустмазмун, вале сермусиқиву рангоранги синамогарони ҳиндӣ лаззат бурда, боз қоил шуда мегўянд:
- Ин бозор ҳам кинои индиски мешава.
- О бача, хо ай гиряра мембурем бугў?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё