Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтарҳои мо он қадар филмҳои ҳиндиро дўст медоранд, ки мехоҳанд ба онҳо пайравӣ кунанд. Акнун баъди истилои инглисҳо ҳиндуҳо баргардиш доранд ба оину расму русуми хеш, ки бештарини онҳо марсум аст бар оини бутпарастӣ ва барои мо мусалмонон бегона.
Намоиши шикаму дигар ҷойҳои бараҳнаи бадан аз ҳамин оин сар зада, ба тоҷикдухтаракони ноогаҳ интиқол ёфтааст, ки дар кўчаҳо беибо гаштугузор доранд. Гўё ки мо кайҳо ҳинду гаштаем. Ва намоиши шикам ин расми кўҳнаи мо будааст. Бале, ноогаҳии ҷавонон аз фарҳангу маънавиёти худӣ онҳоро ба ҳар оину равияҳои бегона бурдан мегирад.
Фарқи филмҳои солҳои 70 – 80 – и ҳиндӣ аз ҳозира аз замин то осмон аст. Пештар шарму иффати занона дар филмҳои ҳиндӣ бештар ба назар мерасид. Ҳунармандонаш низ дилписандтару беҳтар буданд.
Бовар кунед, ҳатто як писарбача филми ҳиндиро тамошо карда истода, пеш-пеш давоми филмро нақл мекунад. Он қадар сужаҳо такрору дилбазананд, ки пешакӣ мефаҳмӣ, ки ҳозир суруд мехонад ё Ҷими ба ёрии духтар омада, даҳ нафарро тани танҳо зада меафтонад. Ин ҳиндуҳо он қадар камқувватанд, ки ҳатто бо як зарбаи Ҷими парида то даҳ метр мераванд. Ва баръакс ин Ҷими он қадар ҷасур аст, ки ҳатто аз биниаш хун намеояд, аз тир мегурезад. Бояд гуфт, ки дар филмҳои ҳиндӣ қаҳрамони асосӣ аз борони тир беосеб мегузарад. Ягон бор надидаем, ки қаҳрамони асосӣ дар охир бой дода бошад.
Вақти он расидааст, ки саволе дар пеш гузорем, ки умуман хариди чунин филмҳои сустсужа арзанда аст? Ва боз се соат шабу се соати дигар саҳар вақти пурқимати телевизиону одамонро гирифтан далели гумроҳкунии ҷавонон нест? Пештар замони шўравӣ, ки заводу фабрикаҳо дар се баст кор мекарданд, намоиш додани як филм чанд маротиба зеб дошт. Ҳоло чӣ зарурате дорад ҳам шабу ҳам рўз ин қадар тўлонӣ як филмро нишон додан?
Тоҷикистон – Юсуфистон
Тоҷикистон ошиқистон аст дар фарҳанги дил, Обу хоки ин диёр бўи муҳаббат мекунад.
Ин байти Озарахш имрўзҳо тасдиқи худро меёбад. Бо пасванди - истон омадани исмҳои моддӣ маъмул буд. Гарчанде Ҳофизи бузург «користон»-у Лоҳутӣ бо исми шахс-мард «мардистон» сохт. Озарахши замони мо ошиқистонро пайдо кард. Мисраи «Юсуфистон кард васлаш кулбаи эҳзони ман» низ аз ҳамин қабил аст.
Ин шабу рўз дар Симои мустақили Тоҷикистон филми синамогарони эронӣ Юсуфу Зулайхо пахш шуда истодааст, ки ҷўйбори серобе дар даштҳои карахту хушкидаву ташналаби эмондории мо ҷорӣ гашта. Бешак, ин шабу рўз Тоҷикистон Юсуфистон гаштааст. Ин ибораи сохтаи ман нест. Вале бисёр бамаврид аст. Қудрати синамо ончунон аст, ки баробари тамошои ин филм ашки садоқату меҳр аз чашмони кас ҷорӣ мешавад.

пешина
аз 161
навбатӣ