Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷаб шавкату шаҳомате дошт муаллими замони шўравӣ!
Муаллимро дида, ҳатто бо овози баланд гап намезадем, ки мабодо озурда нашавад. Ҳоло чӣ? Талабагони имрўза бо муаллим чиҳое ки намегўянд. Обрўи пешинаи устодро барқарор кардан, ана ин аст асос бар сифати таълим!
Офарин ба Вазорати маориф!
Иқдоми масъулони Вазорати маориф дар мавриди баргардонидани муаллимон ба мактаб имсол назаррас аст. Яъне, муаллимоне, ки ба мактаб бармегарданд, ба замин барои сохтани манзил таъмин мешаванд. Фикр мекунам, ин амал баҳри беҳтар намудани сифати таълим дар макотиби кишвар боис мешавад. Ва онро ҳар чи бештару тезтар амалӣ бояд намуд, то ки устодон ба ин касби дўстдоштаи худ баргарданд.
Пули мактаб - қонунӣ
Инчунин, барои беҳтар намудани мақому манзалати устод маоши устодон бояд баланд шавад. Аммо ин баландшавӣ на аз ҳисоби буҷа, балки аз ҳисоби ба истилоҳ маъмули «пули мактаб» амалӣ шавад.
Яъне, мо ҷонибдори қонунӣ намудани «пули мактаб» (албатта аз рўйи инсоф) мебошем. Зеро он роҳи ягонаест, ки ин соҳаи ниҳоят муҳими ҷомеаро ба ислоҳ меорад. Нахуст муаллимро аз мўҳтоҷӣ бароварда, баъд аз ў кор талаб намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳол дар донишгоҳҳо аз мактабҳои миёна хубтар нест. Дар донишгоҳҳо низ аз ҳисоби шартнома маоши устодонро то 1500 – 2000 сомонӣ боло бурдан мумкин аст, агар ин ҳама таъмирҳои зиёдативу чорабиниҳои нодаркор хотима ёбанд. Чун мақсад дар оянда кадр ё мутахассиси баландпоя ба воя расондан бошад, пас аз бисёр чизҳо бояд гузашт.
Устодони донишгоҳҳо, ки бештаринашон олимони варзида ва соҳибкитобанд, ҳақ доранд ба воситаи китобфурўшиҳо китоби худро бифурўшанд. Имрўзҳо сару садоҳое баланд мешавад, ки муаллим китоби худро маҷбур мекунад, ки бихаранд. Аҷаб замоне шудааст, ки одамон аз китоб дурӣ меҷўянд. Дар дарс бе китоби дарсӣ нишастан, бе ҷузвдон ду дафтарро дар киса зада омадан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ расм шуда буд, ки таъсири онро ҳоло ҳам мушоҳида мекунем. Ба фикрам ҳақ ба ҷониби устодест, ки донишҷўро маҷбур мекунад, то бо китоби дарсӣ ба дарс биёяд.
Ёд дорам, солҳои донишҷўӣ ҳашт ҷилди «Энсиклопедия..»-ро бо нархи 100 рубл (пули с.1961, ки 8 лингча орд мешуд) харида, бо таксӣ ба хона овардам ва ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам. Имрўз аз он фарзандонам истифода мебаранд. Аз ин рў харидани китоб ба манфиати донишҷў аст, на ба зарараш.

пешина
аз 161
навбатӣ