33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Хонаи боҳашамат андохт ва мошини хориҷӣ харид. Фарзандонаш серу пур.
Бародари калонӣ бошад, дарс мегуфту дарс мегуфт. Ҳамон хонаи кўҳнаи падарро ҳатто таъмири дуруст карда натавонист. Бо автобус ба дарс мерафт. Маошаш ниҳоят кам, ҳатто ба як туфлӣ намерасид.
Фарзандон калон мешуданд. Бачаҳои бародараш бачаҳои ўро таъна мезаданд, ки шумо камбағалед, ҳатто велосипед надоред.
Саҳар ў ба мактаб меравад, шаш дарс дорад, шаш соат, то нисфирўзӣ.
Бародари ў низ саҳар ба бозор меравад. То нисфирўзӣ борҳоро ба дўконҳо тақсим мекунад. Дар як соат якмоҳа маоши бародарашро меёбад.
Бегоҳ бародари хурдӣ аз кор бармегардад. Бағочи мошинро мекушояд, меваву хўрока, қанду мавиз дар халтаҳо пур ба бачаҳо медиҳад, ки ба хона дароранд.
Бегоҳ ў аз мактаб бармегардад, лабҳояш парсинг бастагӣ, маълум ки хўрок нахўрдааст, дар дасташ ҷузвдон. Бачаҳяш ўро пешвоз мегиранд,
- Дада, чӣ овардӣ, - гуфта, умедворона ба ҷузвдони дасташ менигаранд.
– Ҳеҷ чиз, бачем, ҳоло то маош дур. Занаш мебарояд. - Гўшт овардӣ як моҳ боз бачаҳо гўшт нахўрдаанд. Мегўянд, ки аз бегўштӣ кўр шудан мумкин.
Рафта аз бародараш қарз гирад. Не, зани бародараш фаҳмад, тамом, сар мешавад, таънаю маломат. Чӣ кор кунам, ба ҷонам зад, меравам ба мардикорӣ ба Русия. Мактаб чӣ мешавад, талабаҳоям чӣ кор мекунанд, барномаи таълимӣ чӣ? Таваккал, меравам, дигар илоҷ нест…
Албатта, қисса давом дорад, вале мақсади мо ин ҷо қиссапардозӣ нест. Балки мо тазоди зиндагиро дар шахси ду бародар нишон додем.
Имрўз он бародар серу пур аст. Аммо бехабар аз он ки фарзандони ў дар мактаб аз ғизои маънавӣ маҳруманд, зеро дар мактаб муаллим намондааст. Бачаҳо гирди мактаб як давр зада, муаллим нест гуфта, ба хона меоянд ё ба қиморбозиву дигар амалҳо машғул мешаванд. Ана дар ин ҷо назири он харобии офати табииро андак ҳам бошад, мебинем. Ин харобиро кӣ обод мекунад, суоли матраҳ аст.
Муаллимони мўҳтоҷу талабаҳои бой Чун муаллим дастнигару мўҳтоҷ аст, талабаҳои аз оилаи сарватманд, ки аксар шухтабиату бепарвоанд, гапи муаллимро ҳатто гўш намекунанд. Чунин талабаҳо аз мавқеи иҷтимоӣ истифода бурда, муаллимро паст мезананд ва дарсҳоро одатан вайрон мекунанд. Ёд дорам, замони шўравӣ писари раисе ба падараш аз муаллим шикоят бурд. Раис аввал асли гапро пурсид ва баъд аз писараш талаб намуд, ки рафта аз муаллим узр пурсад ва худи раис муаллимро гунаҳкор наҳисобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё