33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Аз ин рӯ дар хатти кириллии имрӯза тағйироти куллиеро набояд кор гирифт.
Таърих шоҳид аст, ки дар байни 10 сол (1929-1939) ду бор иваз шудани хат ҷумҳурии моро даҳсолаҳо ё садсолаҳо ба қафо бурд. Ва мо низ ҷонибдори яку якбора иваз шудани алифбо нестем. Мо бояд дар макотиби миёна ва олӣ таълими алифбои ниёгонро бештару беҳтар ба роҳ монем. Гулистонхониву шоҳномахониву мавлавихонӣ (курсҳои махсус) бо хатти ниё пурмаҳсулу сераҳмият аст.
Пешниҳоди мо
Бо дарназардошти ҷиҳатҳои иқтисодиву сиёсӣ ва дигар сабабҳо бо тағйироти андак мо ҷонибдори ҳамон тағйироти соли 1998 ҳастем ва дар навбати худ чунин ҷадвали алифборо пешниҳод мекунем:
ҲаНоми ҲаНоми ҲаНоми рф ҳарфрф ҳарфрф ҳарф АааЙйЙотУуу
БббеКккаФффе
ВввеҚққеХххе
ГггеЛллеҲҳҳе
ҒғғеМммеЧчче
ДддеНннеҶҷҷе
ЕееОооШше
ЁёёПппешсакта
ЖжеРрреЪэ жзеСссеЭэю Ззи ТттеЮя
Иию ӣЯя
Дар мавриди номи ҳарфҳои йот, ка ва сакта, ки аҳамияти таълимӣ доранд, дар мақолаҳои пештар гуфта будем. Сакта – ъ бояд чун ҳарф (на аломат) дар алифбо шинохта шавад.
Азбаски хатчаи болои ҳарфи ӣ муваққатӣ аст, яъне баъди и-и заданок ҳарфи дигар ояд, хатчаи болояш меафтад, аз ин рӯ онро бо садоноки и якҷо додем. Дар масъалаи дарозиву кӯтоҳии он бояд баҳс накунем, зеро маҷбур мешавем, ки дар байн низ дарозии онро ишора кунем, мисли тӣр, шӣр, шӣрӣн ва ғ. Бо назардошти мутафовит будани талаффузи у дар лаҳҷаҳо ва баҳси зиёд перомуни сарфи назар шудани вов дар хатти кириллӣ бо як у иктифо мекунем. Дарозиву кӯтоҳии онро баъди шинос шудан бо хатти ниёгон хонанда дуруст дарк хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё