Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

(хабари мантиқӣ), ки ба ҳарфи лотинии Р ишора мешавад ва бандаки мантиқӣ калимаҳои «аст», «мебошад», «нест» «намебошад». Субъект, предикат ва бандаки мантиқӣ унсурҳои асосии ҳукмҳои содда ба шумор мераванд. Ҳамин тариқ, шакли мантиқии ҳукмҳои соддаро ин тавр ифода кардан мумкин аст: S – P аст ё ин ки S – P нест.
Мувофиқи мантиқи анъанавӣ, ҳукмро аз рўи характери предикат ба се гурўҳ: ҳукмҳои хусусият (атрибутивӣ), муносибат (релятивӣ) ва вуҷудият (экзистенсионалӣ) ҷудо мекунанд. Инчунин, ҳукмҳо ҷиҳатдор ва беҷиҳат мешаванд. Ҳукмҳои ҷиҳатӣ (модалӣ) дар навбати худ ба ҳукмҳои соддаи ҷиҳатӣ ва ҳукмҳои мураккаби ҷиҳатӣ тақсим мешаванд.

  1. Қазияи атрибутивӣ, чунин ҳукмест, ки дар онҳо дорои ягон хусусият будан ё набудани ашё тасдиқ ё инкор мешавад.
    Қисми ҳукми атрибутивӣ, ки дар вай фикр инъикос ёфтааст, субъект (мавзўъ ё мубтадои мантиқӣ) ва қисме, ки дар вай хосият ё ҳолати ашё иникос шудааст, предикат (маҳмул ё хабари мантиқӣ) меноманд. Одатан, чи хеле, ки дар боло қайд намудем, субъект ва предикатро мувофиқан бо ҳарфҳои лотинии S ва Р ифода мекунанд. Робитаи мантиқии ашёро бо хосият (ҳолатҳои) – он тавассути бандакҳои мантиқӣ ифода мекунанд.
    Масалан: «Ҳамаи адвокатҳо ҳуқуқшиносанд», «Ҳеҷ як ҷангҳои истилогарона ҷангҳои боадолат нестанд». Дар ҳукми якум гуфта шуда аст, ки маҷмўи «адвокатҳо» ба маҷмўи тамоми «ҳуқуқшиносҳо» дохиланд. Дар ҳукми дуюм бошад, сухан дар бораи он меравад, ки маҷмўи «ҷангҳои истилогарона» бо маҷмўи «ҷангҳои боадолат» ягон унсури умумӣ надорад.
    Агар мо гўем, ки «Баъзе донишҷўёни гурўҳи мо аълохонанд», дар ин ҷо маҷмўи «донишҷўёни гурўҳи мо» ва маҷмўи «аълохонҳо» унсурҳои умумӣ доранд. Бинобар ин, баъзан ҳукмҳои атрибутивиро ҳамчун ҳукмҳое таъбир менамоянд, ки дар онҳо як маҷмўи ашё ба маҷмўи дигар қисман ё пурра дохил мешавад, ё умуман дохил намешавад. Пас, маълум мешавад, ки тааллуқ доштан ё надоштани ягон ашёро ба гурўҳи ашёи дигар тавассути ҳукмҳои атрибутивӣ (ҳукми хусусият) собит кардан мумкин аст.
    Ҳукмҳои атрибутивӣ ғайр аз субъект, предикат ва бандаки мантиқӣ боз метавонад калимаҳои кванторӣ ё бо ибораи Ибни Сино, «сур» низ дошта бошанд. Кванторҳо тавсифи миқдории ҳукмҳо буда, бо калимаҳои «ҳамаи», «ҳеҷ як», «ҳеҷ кадом», «баъзе», «баъзан», «аксаран», «гоҳо» ва ғайра ифода мешаванд.
    Дар забони тоҷикӣ мисли баъзе забонҳои дигар бандакҳои мантиқиро на ҳама вақт ба таври ошкор дар таркиби ҳукмҳо дучор шудан мумкин аст.
    Вазифаи бандакҳои мантиқии забони тоҷикиро калимаҳои «аст», «мебошад»
    ва ғайра иҷро менамоянд.
пешина
аз 262
навбатӣ