Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар мантиқи муосир бо истилоҳи «ҳукм» мансуб будан ё набудани ин ё он нишона ба ашё ё муносибати байни ашё ифода мешавад.
Азбаски дар ҳукм тааллуқ доштан ё надоштани ин ё он нишона нисбат ба ягон чиз тасдиқ ё инкор мегардад, бинобар ин ҳар як ҳукм, ҳақ ё дурўғ буда метавонад. Лекин, ҳақ ё дуруғ будани ҳукм ҳаргиз аз тасдиқ ё инкор шудани нишонаю хосиятҳо вобаста нест. Балки аз мувофиқ омадан ё наомадани чизи тасдиқ ё инкоршуда бо воқеият вобаста аст. Аз назари мантиқ, хусусияти муҳимтарини ҳукмҳо дар он аст аст, ки чизе нисбат ба чизи дигар тасдиқ ё инкор мешавад.
Мисли дигар шаклҳои тафаккур, ҳукм низ тавассути забон ифода меёбад. Агар мафҳум бо калима ё ибора ифода шавад, ҳукм бошад бо ҷумла ифода мегардад. Лекин, ҳар гуна ҷумла ҳукмро ифода карда наметавонад.
Ҳукм танҳо тавассути ҷумлаи хабарӣ (ҳикоягӣ) ифода меёбад. Аз ин рў, ҷумлаҳои саволӣ, амрӣ, ва хитобӣ ҳукмро ифода карда наметавонанд, зеро онҳо қимати «ҳақ» ва «дурўғ» қабул карда наметавонанд.
Мантиқшиноси барҷастаи асримиёнагии тоҷик - Ибни Сино гуфтааст, ки ифодаҳои илтимос, таманно, тааҷуб ва ғайраро фарогиранда, ҳақ ва дурўғ шуда наметавонанд, зеро дар онҳо ахбор нест. Аз ин рў, чунин ифодаҳо хукм нестанд. Масалан, «агар касе гўяд: «Маро чизе ё масъалае биомўз» - ҷавоби вай ба ҳеҷ гуна набувад, он ки гўӣ: чунин ё на чунин аст». Ва агар гўяд: «Бо ман ба масҷид ой», - ҷавоб он набувад, ки «чунин аст ва рост гуфтӣ», ё «На
1 чунин аст ва дурўғ гуфтӣ»».
Мисолҳои ҳукм чунинанд: «Зайд котиб аст», «Зайд котиб нест», «Офтоб сайёра нест», «Ҳар гоҳ, ки Офтоб барояд, рўз бувад», «Ҳар гоҳ, ки Офтоб барояд ситорагон пайдо буванд», «Ин адад ё ҷуфт аст ё тоқ», «Ҳар як форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба тарзи муайяни истеҳсоли неъматҳои моддӣ такя мекунад», «Ибни Сино – бузургтарин донишманди халқи тоҷик мебошад».

§2. Қазияи сода.

Қазияе, ки ягон қисми таркибии он дар навбати худ боз қазия шуда наметавонад, қазияи сода номида мешавад.
Барои мисол ҳукми «Юсуф – донишҷў аст»-ро таҳлил менамоем.
Қисмҳои таркибии ин ҳукм «Юсуф», «донишҷў» ва «аст» мебошанд, ки ҳар як дар алоҳидагӣ ҳукм нестанд, зеро ҳақ ё дурўғ шуда наметавонанд. Дар таркиби ҳаргуна ҳукми сода унсурҳои зеринро ҷудо менамоянд: Субъект (мубтадои мантиқӣ), ки он бо ҳарфи лотинии S ишора мешавад, предикат

Абуали Ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. I., Душанбе, 1980, саҳ. 35.

пешина
аз 262
навбатӣ