Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Асбобе, ки қувваи ҷараёнро чен мекунад. Ромби росткунҷа. Илм дар бораи қонунҳо ва шаклҳои тафаккур. Ҳавз барои парвариши моҳӣ. Тахмини илмӣ.
8. Кадом аз мафҳумҳо мушаххас ва кадомашон таҷридӣ мебошанд?
Демократия, ошкорбаёнӣ, интихобот, депутати халқ, маҷлиси намояндагони халқ, ғайриқонунӣ будан, таҷовуз, дурўягӣ, давлат, аз озодӣ маҳрум кардан, даромаднокӣ, ҷиноят бар зидди шахсият, далерӣ, милитаризм, федератсия, низоми интихобот, дуздӣ, боҷуръатӣ, сафедӣ, бевазнӣ.
9. Нишон диҳед, ки кадом мафҳумҳои зер мусбат ва кадомашон манфианд: бегуноҳӣ меъёри ҳуқуқвайронкунӣ, парокандагӣ, ватандўстӣ, имтиёз, масунияти шахсият, бекор шудани моликияти хусусӣ, бемаслакӣ, интернатсионализм, демобилизатсия, мустақилӣ, худсарӣ, имконнопазирӣ, зарурат, ношоямӣ, истисмор, истеъфо, атеизм.
10. Муайян намоед, ки мафҳумҳои зерин мафҳумҳои нисбатдоранд ё бенисбат?
а) ҷиноят, ҷазо б) падар, писар в) рост, чап г) тарсончак, диловар д) вазн, бевазнӣ е) айбдор будан, айбдор набудан ж) фоида,зарар з) даъвогар, ҷавобгар и) офтоб, сайёра к) мерос, меросхўр.
11. Муайян намоед, ки мафҳумҳои таъкидшуда дар маънои ҷомеъ ё ғайриҷомеъ кор фармуда шудааст?
а) Донишҷўёни курси мо конференсияи илмӣ гузарониданд.
б) Донишҷўёни курси мо аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.
в) Зиёда аз сеяки одамони ҷаҳон аз оби нўшиданӣ азият мекашанд.
г) Дарёҳои Тоҷикистон зебо ва пуробанд.
д) Дар замони мо илм бузургтарин воситаи пешрафти техникӣ шудааст.
12. Мафҳумҳоеро номбар кунед, ки бо мафҳумҳои зер айният бошанд (номҳои хос истифода нашаванд). Пойтахти ИМА. Ташабускори истеҳсолот.
Материя. Қуллаи баландтарини Помир. Ҳаракати механикӣ.
13. Оё, ҷуфти мафҳумҳои зер дар муносибати айниятанд ё не?
Заррачаи майдатарин атом. Ҳайвони ҷуфтсум, ҳайвони ширхўр. Дўст, ҷўра. Адоват, хусумат. Озодӣ, анархия. Завод, корхонаи саноатӣ.

пешина
аз 262
навбатӣ