Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Кори илмӣ (мақола, рисолаи дипломӣ, рисолаҳо) аз рўи нақшаи муайян навишта мешавад, ки худи нақша таснифи илмӣ аст. Лекин, пеш аз тартиб додани нақша бояд масъалаи ҳалталаб аниқу возеҳ баён шавад. Ҳангоми тартиб додани нақша, бояд ҳамаи қоидаҳои тақсим риоя шаванд.
Мисолҳо ва машқҳо доир ба мафҳумҳо.

  1. Барои чизҳои номбаршуда кадом нишонаҳо муҳиманд ва кадомҳояшон муҳим нестанд ?
    Қалами сурх дарозиаш 18 см, дар коғаз изи худро мемонад, дорои найчаи грифелӣ, танааш чўбин, бо кордча тез карда мешавад. Вертолёт – воситаи нақлиёти ҳавоӣ, дорои мутаҳарик, кабинаи ҳавопаймо ва системаи идоракунӣ, дорои бол ва ҷой барои мусофирону борҳо аст. Термометр (ҳароратсанҷ) – дорои ҷадвал бо тақсимоташ, сатҳи беруниаш шишагин, дорои найчае мебошад, ки он ба моеъ пур шудааст, барои ҳароратсанҷӣ истифода мешавад.
  2. Машқи 1- ро нисбат ба мафҳумҳои «ҷиноят», «давлат», «ҳуқуқ», «қонун», «тўҳмат», «қаллобӣ» иҷро намоед.
  3. Гуруҳи чизҳоеро муайян намоед, ки аз рўи нишонаҳои зерин таъмим шуда бошанд:
    а) Дорои ҷадвалест, ки тақсимот дорад.
    б) Дорои шуур аст.
    в) Доирашакл аст.
    г) Аз атомҳо иборат аст.
    д) Дар мактаби миёна таълим мегирад.
    е) Барои кашонидани борҳо тахсис ёфтааст.
    ё) Қонуни асосии давлат аст.
    ж) Вазифаи ҳимояи ватанро ба ўҳда гирифтан.
  4. Муайян намоед, ки аз номҳои зер кадомашон мафҳуми кулл, кадомашон фардро ифода мекунанд. Мафҳумҳои холиро низ нишон диҳед.
    Уқёнус. Кайҳонаварди нахустин. Зевс. Парии обӣ. Завод. Қаҳрамони меҳнат.
    Пири Ҳаттоб. Ҳақиқат. Материя. Озодӣ. Кайҳонавардзан. Инқилоби пролетарӣ. Дин. Форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ. Арзиш. Китоб. Адади мавҳум. Рўшноии моҳ. Галаситораҳо. Ҷасорат. Квант. Зебогӣ.
  5. Навъҳои ҳар як номи сода, мураккаб ё тасвирии машқи 4-ро муайян кунед.
  6. Тавсифи мантиқии мафҳумҳои машқи 4 –ро диҳед.
  7. Дар мафҳумҳои зерин номҳои тасвириро бо номҳои сода иваз намоед.
пешина
аз 262
навбатӣ