Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар тақсим, ҳангоми барзиёд будани узвҳои тақсим, тақсим бо узвҳои зиёдатӣ ва кам будани узвҳои тақсим, тақсими нопурра ҷой дорад. Ин хатоҳо ба вайрон шудани қоидаи мутаносиб алоқаманд аст, ки мувофиқи он ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда бояд ба маҷмўи узвҳои тақсим баробар бошад.
Масалан, агар ҳангоми тақсими форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ фақат форматсияҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва капиталистӣ нишон дода шаванд, он гоҳ қоидаи мутаносибии тақсим вайрон мешавад, чунки ду узви тақсим (ҷамеаи ибтидоӣ ва коммунистӣ) ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Агар, ҳангоми тақсими мафҳуми «ҷазо додан» ба ғайр аз ҳамаи навъҳои ҷазо, огоҳӣ низ номбар шавад, пас хатогии тақсим бо узви зиёдатӣ ба амал меояд, чунки огоҳӣ мувофиқи қонунҳои ҷиноятӣ ба номгўӣ чораи ҷазо дохил намешавад.
Вай навъи ҷазои маъмурӣ аст.
Қоидаи дуюм: Тақсим бояд аз рўи як асос сурат гирад.
Ҳангоми тақсим нишонае, ки дар асоси он узвҳои тақсим муайян мегарданд, набояд тағйир ёбад ё ки бо нишонаи дигар иваз шавад. Вайрон шудани қоидаи мазкур боиси хатое мешавад, ки онро «тақсими печ дар печ»
меноманд. Масалан, агар мо ҷиноятҳоро ба ҷиноятҳои ошкоршуда, ошкорнашуда ва барқасдона тақсим намоем, ин тақсими нодуруст аст. Зеро узвҳои тақсим: ҷиноятҳои ошкоршуда ва ҷиноятҳои ошкорнашуда аз рўи як асос ва узви ҷиноятҳои барқасдона аз рўи асоси дигар номбар шудааст.
Вобаста ба мақсади тақсим ва вазифаҳои амалии он, нишонаҳои гуногун ба сифати асоси тақсим мавриди истифода шуда метавонанд.
Зимнан, бояд асоси тақсим дорои талаботи маълум, аз ҷумла аниқию возеҳӣ бошад. Масалан, илмҳоро ба душвору осон ва лексияҳоро ба шавқовару дилгиркунанда ҷудо кардан лозим нест. Чизи барои як кас шавқовар барои каси дигар дилгиркунанда буданаш мумкин аст, аз ин рў, ин қабил тақсим ноаниқ мешавад.
Дурустии тақсим ҳангоми риояи қоидаҳои муайяни тақсим ба амал омада, вайрон карданашон боиси хатоҳо мегардад. Ҳангоми вайрон кардани ин қоида кадом хатоҳо ба амал меоянд?
Аксаран донишҷўён (ва ҳатто баъзе устодон) ҳангоми муоинаи шаклҳои давлат, идоракунии давлатиро бо режими сиёсӣ, яъне усули татбиқи роҳбарии давлат меомезанд. Ин гуна хато низ дар натиҷаи вайрон кардани қоидае, ки мувофиқи он тақсим бояд аз рўи як асос гузаронида шавад, ба амал меояд. Масалан, агар давлатҳоро дар як вақт ҳам аз рўи шакли идоракунӣ ва аз рўи ҳам режими сиёсӣ тақсим кунем, пас ба қатори давлатҳои режими идоракуниашон – парламентӣ, давлатҳои монархӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳам ворид мешаванд.

пешина
аз 262
навбатӣ