Мантиқ

Тақсими мереологӣ якзина ва серзина шуда метавонад. Саволе ба миён меояд, ки дар масали Эзоп дар бораи кадом тақсим сухан меравад?
«…ҳайвонҳо сайди худро тақсим мекарданд. Шер чун шоҳи ҳайвонот барои худ чоряки сайдро талаб намуд. Боз барои дорои ҷасорати беамсол доштанаш чоряки дигарро талаб намуд ва чоряки дигарро барои модашер ва бачаҳояш талаб намуд. Хайр майлаш суханашро анҷом дод шер, ҳар як ҳайвон то чоряки охирин бояд муноқишаро давом диҳад». Агар шартҳои масъала маълум набошад, пас тақсими мазкур иҷронашаванда мебошад.
Масалан, агар онҳо миқдори ҷуфти заргушҳоро тақсим карда бошанд, он гоҳ тақсими таксономӣ ва агар барзаговро тақсим карда бошанд, он гоҳ тақсимоти мерологӣ ҷой дорад.
Қоидаҳои тақсим ва хатогиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани он рўй медиҳанд.
Одатан дар китобҳои мантиқ фақат қоидаҳои тақсими таксономӣ баён мешаванд. Мо дар ин ҷо кўшидаем, ки қоидаи мазкурро барои тақсими мереологӣ низ татбиқ намоем.
Қоидаи якум. Тақсим бояд мутаносиб бошад. Ҳангоми тақсими таксономӣ бояд ҳосили ҷамъи ҳаҷми узвҳои тақсим ба ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда баробар бошад. Дар мавриди тақсими мерологӣ бошад, ҷамъ кардани узвҳои тақсим (ҷузъҳо) бояд чизи тақсимшавандаро ташкил диҳад.
Ҳангоми риоя нашудани ин қоида хатогиҳои зерин ба амал меоянд:
а) «Тақсими нопурра». Агар ҳангоми тақсим яке аз узвҳои он партофта шуда бошад, мегўянд,ки тақсими мазкур нопурра аст. Масалан, секунҷаҳо тезкунҷа ва кундкунҷа мешаванд. Дар ин мисол «секунҷаҳои росткунҷа»
партофта шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба 14 факулта ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ тақсим мешавад. Дар ин, ҷо яке аз узвҳои тақсим, яъне «ректорат» партофта шудааст.
б) «Тақсим бо узвҳои зиёдатӣ». Ин хато дар мавридҳое ба амал меояд, ки агар ба узвҳои тақсим мафҳуме илова шавад, ки ба ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда дохил набошад (ҳангоми тақсими таксономӣ), ё ин ки ба қатори узвҳои тақсим чизҳоеро илова намоянд, ки дар асл қисмҳои чизи тақсимшаванда набошанд (ҳангоми тақсими мереологӣ). Масалан, унсурҳои химивӣ ба металлҳо, ғайриметалҳо ва хўлаҳо тақсим мешаванд. Аммо, хулаҳо унсури химиявӣ нестанд. Агар мо Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ректорат, 14 факултет, қисмҳои хизмати хоҷагӣ ва қисмҳои хизмати таъмини хўрок тақсим намоем, ин нодуруст аст, чунки қисмҳои хизмати таъмини хўрок ҷузъи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нестанд. Қоидаҳои а) ва б) – ро ин тавр ҷамъбаст кардан мумкин аст: агар узвҳои тақсим ҳаҷми мафҳуми тақсимшавандаро ташкил надиҳанд, он гоҳ, тақсим нодуруст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё