Мантиқ

Робитаи байни ашёи фикр ва он нишонае, ки бо хабари мантиқӣ ифода ёфтааст, муносибати мутааллиқии нишона ба ашё аст, ки тавассути калимаҳои «аст», «мебошад», «доранд» ва ғайра ифода шудааст.
Бинобар ин қазияҳои боло қатъи назар аз мазмуни мушаххас сохти якхела доранд, ки онро бо формулаи зерин ифода менамоем:
«Ҳамаи S -ҳо – Р мебошанд».
Шакли мантиқии фикрҳои нисбатан мураккаби ҷараёни тафаккурро чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?
Барои ошкор намудани шаклҳои мантиқии фикрҳои мураккаб хосият, нишона ва муносибатҳои умумитарини ашёву зуҳурот, инчунин, хосияту нишонаҳои умумитарини худи фикр ва муносибати байни онҳоро аз ҳамдигар фарқ карда тавонистан лозим аст. Маҳз ҳамин қабил хосият, нишона ва муносибатҳо мавзўи таҳқиқи мантиқро ташкил медиҳанд. Хосият, нишона ва муносибатҳои мазкур бо ёрии калимаҳо ё гурўҳи калимаҳои зерин ифода карда мешаванд: «аст» («мебошад», «дорад», «анд»), «ҳамаи» («ҳар як», «кулли», «тамоми», «ҳеҷ як»), «баъзе», «агар…, он гоҳ…», «ва», «ё», «пас», «нодуруст аст, ки …» («на», «ғайри») ва ғ. Одатан ин калимаҳоро истилоҳҳои мантиқӣ меноманд ва дар алоҳидагӣ ашё, хусусият ё муносибати онҳоро ифода карда наметавонанд.
Аммо, ғайр аз истилоҳоти мантиқӣ истилоҳоте ҳастанд, ки ашёву зуҳурот ё хосият ва муносибатҳоро ифода мекунанд, вале ба мавзўи мантиқ дохил намешаванд. Аз ҳамин сабаб, истилоҳоти мазкур, ғайримантиқӣ номида мешавад.
Барои ошкор намудани шакли мантиқии фикр мо бояд аз қисми зиёди мазмуни истилоҳи ғайримантиқӣ, ки ба ҳайати гурўҳи калимаҳо дохиланд, сарфи назар кунем. Амри мазкурро бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонидан мумкин аст. Яке аз ин усул он аст, ки аз байни гурўҳи калимаҳо тамоми истилоҳоти ғайримантиқӣ партофта шуда, ба ҷои онҳо нуқта ё хатчаҳо кашида мешавад. Ҳангоми партофтани истилоҳоти ғайримантиқӣ ба ҷои зикри чандкаратаи як истилоҳ хатти якхела ва ба ҷои зикри истилоҳоти гуногун хатҳои ҳархела мекашанд. Ин мулоҳизаҳо гувоҳи онанд, ки ҳангоми муайян намудани шакли мантиқӣ маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ тамоман сарфи назар намешавад. Вобаста аз навъи хатҳои рах-рах навъҳои истилоҳоти ғайримантиқиеро, ки аз маънои онҳо итисно шудааст, барқарор кардан мумкин аст.
Роҳи дуюми итиснои маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ ивази онҳо бо тағирёбандаҳои рамзӣ мебошад. Дар ин ҳолат ба ҷои зикри бисёркаратаи як истилоҳ, танҳо як тағйирёбанда гузошта шуда, истилоҳоти гуногун тавассути тағйирёбандаҳои ҳархела иваз мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё