Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Шаклҳои асосии тафаккур: мафҳум, қазия ва назарияи илмианд.
Шаклҳои инкишофи дониш: истинтоҷ (натиҷагирӣ), проблема, фарзия, ва ғайраҳоанд.
Илми мантиқ шаклҳои тафаккуру инкишофи дониш, усулу равиши маърифатро меомўзад, ки маҳз дар зинаи тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) истифода мешаванд. Мантиқ қонунҳои махсуси тафаккурро низ таҳқиқ менамояд.
Бо мақсади баёни муфассали мавзӯи илми мантиқ лозим аст, ки шаклҳои мантиқии фикр ва қонунҳои мантиқро муоина намоем.

§2. Мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ

Фикрҳо ба воситаи забон ифода меёбанд, аз ин рӯ онҳо дар забон шаклҳои гуногунро мегиранд. Масалан, як фикрро дар забонҳои гуногун бо тарзҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. «Карим – донишҷӯ аст», «Карим - студент», «Karim is a student». Дар ҳудуди як забон бо усулҳои гуногун тасвир кардани фикри муайян низ кори чандон душвор нест.
Ҳар як фикр, ғайр аз шакли забонӣ, боз шакли мантиқиро низ дорост.
Шакли мантиқии фикрро баъзан таркиб ва сохти фикр низ меноманд. Шакли мантиқии фикри бо ёрии ҷумлаҳои болоӣ зикршуда чунин аст: «Ашёи муайян дорои хосияти муайян мебошанд». Ё агар ба тарзи дигар гӯем «Ашёи муайян унсури гурӯҳи муайяни ашё мебошанд».
Барои шарҳи муфассали шаклҳои мантиқӣ қазияеро бо ҳам муқоиса менамоем, ки мазмуни мушаххаси гуногун доранд:

  1. Ҳамаи фулузот қобилияти гармигузаронӣ доранд.
  2. Ҳамаи муфатишҳо ҳуқуқшиносанд.
  3. Ҳамаи драматургҳо нависандаанд.

Ҳар як қазия мубтадои мантиқӣ (субъект) дорад, ки ашёи фикрро ифода менамоянд. Дар қазияи якум мубтадои мантиқӣ мафҳуми «фулузот», дар қазияи дуюм – «муфатишҳо» ва дар қазияи сеюм «драматургҳо»
мебошад. Ғайр аз ин ҳар яке аз онҳо хабари мантиқӣ (предикат) доранд. Зеро ҳар як қазия нишонаҳоеро ифода менамояд, ки он ба ашёи фикр хос аст. Дар қазия якум хабари мантиқиро мафҳуми «қобилияти гармигузаронӣ доштан», дар қазияи дуюм – «ҳуқуқшинос» ва дар қазияи сеюм - «нависанда» ифода мекунад.
Мубтадои мантиқ, бо ҳарфи S (ҳарфи якуми калимаи юнонии “subectum”) ва хабари мантиқӣ бо ҳарфи Р (ҳарфи якуми калимаи юнонии "praedicatum”) ишора мешаванд.

пешина
аз 262
навбатӣ