Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Фарз кунем, ки муҳокимаҳои зерин дода шудааст:

  1. «Ҳамаи фулузот (металлҳо) моддаҳои гармигузарон мебошанд.
    Ҳамаи фулузот (металлҳо) моддаҳои барқгузарон мебошанд».
    Пас, баъзе моддаҳои барқгузарон, гармигузарон мебошанд.
  2. «Муфаттиш – ҳуқуқшинос аст.
    Пас, муфаттиши хуб, ҳуқуқшиноси хуб аст».
  3. «Пашша – ҳашарот аст.
    Пас, пашшаи калон – ҳашароти калон аст».
    Дар ду муҳокимаи охирин калимаи «ҳамаи» ё «кулли» дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи бо тағирёбандаҳо иваз намудани истилоҳи ғайримантиқӣ аз ин муҳокимаҳо мувофиқан шаклҳои мантиқии зеринро ҳосил мекунем:
  4. Ҳамаи М - ҳо Р мебошанд.
    Ҳамаи М - ҳо S мебошанд.
    Пас, баъзе S - ҳо Р мебошанд.
  5. Ҳамаи S - ҳо Р мебошанд.
    Пас, ҳамаи S1 - ҳо Р1 мебошанд.
  6. Ҳамаи S - ҳо Р мебошанд.
    Пас, ҳамаи S1 - ҳо Р1 мебошанд
    Шаклҳои мазкур, шаклҳои мантиқии муҳокимаҳои 1,2, ва 3 мебошанд.
    Ҳамин тариқ шакли мантиқӣ таркиби фикрест, ки ҳангоми аз маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ сарфи назар намудан пайдо мешавад. Вале, дар ин ҳолат, на ҳамаи маънои истилоҳҳои ғайримантиқӣ сарфи назар мешавад. Аз ин рў, шакли мантиқӣ як қисми мазмуни фикрҳоро низ ифода мекунад. Зеро, бо вуҷуди он, ки мазмуни истилоҳоти ғайримантиқӣ сарфи назар мешавад, шакли мантиқӣ дар бораи онҳо ахбори муайянеро нигоҳ медорад. Масалан, мазмуне, ки тавассути шакли мантиқии натиҷагирии якум ифода ёфтааст чунин аст: «Агар ҳамаи ашёи гурўҳи М ба гурўҳи Р дохил шаванд ва ҳамаи ашёи гурўҳи М ба гурўҳи S дохил шаванд, пас баъзе ашёи гурўҳи S ба гурўҳи Р дохил мешаванд». Бо ибораи дигар ҳар як фикр дорои мазмун ва шакл буда, тавассути забон (шакли рамзии фикр) ифода меёбад. Тамоми мазмуни фикрро ба мантиқӣ ва ғайримантиқӣ тақсим кардан мумкин аст. Мазмуни мантиқиро бо истилоҳи мантиқӣ ва мазмуни ғайри мантиқиро, тавассути истилоҳи ғайримантиқӣ ифода менамоянд. Лекин, дар баъзе ҳолатҳо мазмуни мантиқиро ба воситаи истилоҳоти ғайримантиқӣ низ ифода кардан мумкин аст.
пешина
аз 262
навбатӣ