Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Татбиқи усулҳои нисбатан ҷузъӣ – алгоритмҳо имконият медиҳанд, ки натиҷаи матлуб ба даст оварда шавад. Усулҳои мазкур нишондодҳои амиқ буда, ҷараёни фаъолияти назарӣ ва амалии одамонро муайян мекунанд.
Усулҳо ва қоидаҳо низ қисми таркибии методология мебошанд. Онҳо роҳҳои оддитарини фаъолияти амалию маърифатии инсонро муайян намуда, барои амалӣ гардидани мақсади муайян хизмат менамоянд.
Дар ҷараёни маърифат байни принсипҳо, ва усулу қоидаҳо фарқи куллие нест. Масалан принсипҳои нисбатан соддаро ҳамчун усулҳои фаъолияти амалию маърифатӣ ва баръакс, усулҳоро чун принсипҳои маърифату фаъолияти амалӣ кор фармудан мумкин аст. Ба методологияи мантиқ воситаҳои методологии мантиқи шаклӣ ва мантиқи диалектикӣ дохил мешаванд.
Принсипҳо, усулҳо ва қоидаҳои мантиқи диалектикӣ назар ба принсипҳою усулҳои мантиқи шаклӣ умумитаранд. Одатан, маърифати илмӣ бо истифодаи принсипҳо ва усулҳои мантиқи диалектикӣ оғоз меёбад, ки онҳо самти умумии таҳқиқро муайян мекунанд. Дар методологияи маърифати илмӣ ба шаклҳои инкишофи дониш диққати махсус дода мешавад, зеро онҳо мавзўи таҳқиқи мантиқи диалектикиро ташкил медиҳанд.
Шаклҳои мазкур чун васоит татбиқи мунтазами принсипҳо ва усулҳои маърифатро мураттаб месозанд. Ба шаклҳои диалектикию мантиқии инкишофи дониш проблема, фарзия ва назария мисол шуда метавонанд.
Васоити методологии мантиқи шаклӣ аз васоити методологии мантиқи диалектикӣ фарқ дорад, зеро мавқеъ ва мақоми онҳо дар сохти методологияи маърифати илмӣ гуногун аст. Гарчанде, ки принсип ва усулҳои мантиқи шаклӣ характери куллӣ надоранд, лекин дар ҷараёни маърифат пурра амал мекунанд. Онҳо ҳамчун методология барои татбиқи васоити дигари методологии умумӣ низ мусоидат менамоянд.
Баъзан ақидае пешниҳод мегардад, ки мувофиқи он ба принсипҳои мантиқи шаклӣ на ҳамеша такя кардан лозим аст, зеро истифодаи принсипҳои мазкур дар баъзе мавридҳо боиси натиҷаҳои манфӣ мешавад.
Бешубҳа, чунин ақида нодуруст аст, чунки он ба дониши рўякии мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ асос ёфтааст.
Баъзе усулҳои мантиқи шаклӣ, алалхусус усулҳои мантиқи рамзиро ҳангоми маърифати иҷтимоӣ васеъ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, усулҳои алгебраи мантиқро барои муайян кардани баёни дурусти қарорҳое, ки ҳангоми идоракунии ҷомеа қабул мешаванд, татбиқ менамоянд.
§6. Таърихи мантиқ Мантиқи шаклӣ яке аз илмҳои қадимтарин буда, баъзе ҷанбаҳои он охирҳои ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод дар Ҳиндустони қадим пайдо шуд.

пешина
аз 262
навбатӣ