Мантиқ

Мутафакирони Ҳиндустони қадим як зумра масъалаҳои маърифат, аз ҷумла, ақлу хирад ва шаклҳои фикр: мафҳум, қазия, натиҷагирӣ ва навъҳои онҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода буданд.
Аз асри VI пеш аз милод ба туфайли кўшишҳои олимони Ҳиндустон ва Юнони Қадим инкишофи мантиқ боз ҳам вусъат гирифт. Дар натиҷа анъанаҳои мантиқии олимони Ҳинд ба зуддӣ ба кишварҳои Чин, Ҷопон, Муғулистон, Индонезия, Шарқи Наздик ва Миёна интишор шуданд.
Мантиқи юнониён бошад ба мамлакатҳои Аврупои Шарқию Ғарбӣ ва махсусан ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна интишор гардид.
Дар ибтидо мантиқ ба ҳалли масъалаҳои санъати сухан нигаронида шуда буд. Бинобар ин вай ҳамчун ҷузъи риторика (илми баён) ба ҳисоб мерафт. Яке аз мантиқшиносони машҳури Юнони қадим – Демокрит (460- 370 то милод) махсусан дар соҳаи мантиқи индуктивӣ шўҳрат пайдо кардааст. Суқрот (469-399 то милод), Афлотун (427-347 то милод) низ як қатор масъалаҳои мантиқро таҳқиқ намудаанд. Лекин, асосгузори мантиқ шогирди Афлотун – Арасту (384-322 то милод) бузургтарин мутафаккири Юнони қадим ба ҳисоб меравад. Арасту аввалин файласуфест, ки ба таври муфассал шаклҳои мантиқӣ ва қоидаҳои илми мантиқро мураттаб сохтааст.
Асарҳои дар соҳаи мантиқ таълифкардаи ўро дертар дар маҷмўъ «Арғунун»
(«Органон») номидаанд. Арасту ба таври умумӣ масъалаҳои асосии мантиқро муайян намуда, тарҳи вайро низ кашидааст:
1). Семантикаи мантиқӣ («Категорияҳо», «Оид ба ибораҳо»); 2) Методологияи мантиқӣ, ки таълимот дар бораи далеловарӣ (аргументатсия) – ро низ фаро мегирад («Аналитикаи дуюм», «Топика», «Дар бораи раддияи суфастоӣ «софистика»); 3) Мантиқи шаклӣ ё таълимот дар бораи дедуксия («Аналитикаи якум»).
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои умдаи илмӣ ё иҷтимоӣ ин ё он тарафи таълимоти мантиқӣ ба мадди аввал гузошта мешуд. Масалан, дар марҳалаи гузариш аз давраи антиқа ба асрҳои миёна барои аҳкоми динии масеҳият ва исломро аз ҷиҳати фалсафӣ асоснок кардан масъалаҳои характери мантиқию онтологӣ дошта (яъне семантиқа) ба ҷои аввал гузошта шуда буд. Дертар, вобаста ба кўшишҳои бо таври ратсионалӣ асоснок намудани фиқҳ, диққати файласуфон бештар ба мантиқи шаклӣ (яъне дедуксия) нигаронида шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё