Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ҷаҳонбинӣ ё мафкура ҷиҳати дескриптивии илм буда, методология ҷиҳати прескриптивии он мебошад. Ҷаҳонбинӣ (дар маънои васеъ) – низоми ақидаҳо нисбат ба олам (табиат, ҷамъият ва маърифат) мебошад, ки дар ҷараёни фаъолияти амалии одамон ташаккул меёбад. Асоси ҷаҳонбиниро ҷаҳонбинии фалсафӣ ташкил медиҳад, ки онро ҷаҳонбинии аслӣ низ номидан мумкин аст.
Ҷаҳонбинӣ ё мафкура аз принсипҳо ва қонунҳо иборат аст. Агар принсипҳои ҷаҳонбиниро донишҳо оид ба робитаву хосиятҳои умумитарини ҳақиқати обьективӣ ва маърифат ташкил диҳанд, пас қонунҳои онро донишҳо оид ба робитаи махсуси ҳақиқати обективӣ ва маърифат ташкил медиҳанд, ки онҳо нисбат ба принсипҳо ҷузъиянд. Принсипҳои умумитарине, ки дар ҳудуди мавзўи илми мушаххас амал мекунанд, принсипҳои ҳамин илмро ташкил медиҳанд. Принсипҳои фалсафӣ бошанд, нисбат ба принсипҳои илми мушаххас умумитаранд. Қонунҳои ҷаҳонбинӣ, дар ҳудуди мавзўи ин ё он илми мушаххас амал мекунанд. Принсипҳои мафкуравӣ назар ба принсипҳои маърифатӣ фаъолияти амалии инсон (яъне принсипҳои методологӣ) умумитаранд. Принсипҳои маърифат ва фаъолияти амалии инсон, дорои чунин нишонаҳоеанд, ки мувофиқи онҳо ҷараёни маърифат ва фаъолияти амалӣ сурат мегирад.
Принсипҳои методологиро аксаран дар ҷараёни маърифату амалия дар асоси принсипҳои мафкуравӣ ва қонунҳо эҷод менамоянд. Масалан, дар фалсафа зимни принсипи мафкуравие, ки мувофиқи он чизҳои моддӣ якумин ва чизҳои идеалӣ дуюмин мебошанд, принсипи методологии бо таври обективӣ назар кардан – офарида шудааст. Мувофиқи ин принсип ҳангоми маърифати иҷтимоӣ, диққати кас набояд аз зуҳуроти дуюминдараҷа ба сабаби онҳо, балки баръакс, аз сабабҳо ё зуҳуроти асосӣ ба натиҷа ё зуҳуроти болосохт (надстройкавӣ) равона шавад.
Калимаи «усул» (метод) дар адабиёти илмӣ ба ду маъно истифода мегардад. Якум, усул ҳамчун тамоми низоми васоити идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият аст. Дар ин ҳолат байни усулу методология фарқ нест.
Вақте, ки сухан дар бораи усусли диалектикӣ, усули физикаи назарӣ, усули Бэкон ва ғайра меравад, калимаи «усул» дар маънои якум кор фармуда мешавад. Дуюм, усул (дар ин ҷо метод дар маънои унсури методология истифода шудааст) гуфта, тарзи маърифат ё ки фаъолияти амалиро меноманд. Дар маънои мазкур калимаи «усул» пайдарҳамии амалҳои маърифат ё марҳилаҳои фаъолияти инсонро ифода мекунад. Амалҳои маърифат имконият медиҳанд, ки инсон барои ба даст овардани натиҷаҳои матлуб ноил гардад. Усулҳои умумитарин, пеш аз ҳама усулҳои фалсафӣ, самти умумии маърифатро муайян намуда, дар натиҷаи пайдарҳам татбиқ шудани усулҳои нисбатан ҷузъӣ, мушаххас мегарданд.

пешина
аз 262
навбатӣ