Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Шаклҳои нодуруст; р→q, q р→q, ┐p
р ┐q

Ҳамин тариқ, дар мантиқи анъанавӣ, инчунин дар мантиқи асримиёнагии мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна ҳамаи шаклҳои зикршуда маълум буданд. Масалан, Ибни Сино, барои натиҷагирии мазкур мисоли зеринро овардааст:

Агар мар фалонро таб дорад, пас раги вай тез бувад
Валекин таб дорад фалонро.
Фалонро раг тез бувад

Агар мар фалонро таб дорад, пас раги вай тез бувад
Валекин раги вай тез набувад,
Фалонро таб надорад.

Дар давраҳои антиқа ва асрҳои миёна, аз муҳассилони мактабҳо талаб карда мешуданд, ки онҳо ин ё он шакли натиҷагириро аз худ кунанд.
Лекин, аз назари мантиқи имрўза, чунин тарзи баёни натиҷагирӣ, дорои якчанд камбудӣ мебошад. Яке аз камбудӣ чунин аст: тарзи баёни мантиқи анъанавӣ имконият намедод, ки ҳамаи шаклҳои дуруст ва нодурусти натиҷагирии шартию қатъӣ, мунфасилаи қатъӣ, шартию мунфасила ва ғайра ошкор шаванд.
Худи омўхтани илми мантиқ, бо ин роҳ аз толибилмон саъю кўшиши зиёдеро талаб мекард.
Мантиқи муосир чанде аз камбудиҳои мантиқи анъанавиро бартараф намуда, усулҳои гуногуни баёни шаклҳои дурусти натиҷагирии мантиқи гуфторро ошкор намудааст. Мо дар ин ҷо, яке аз онҳоро аз назар мегузаронем.
Тасвири ҷадвалии мантиқи гуфтор. Мантиқи гуфтор фасли мантиқи рамзӣ мебошад. Аз ин рў, дар вай забони махсуси аломатҳо истифода мешавад, ки ин забони предикатҳо низ мебошад.
Аломатҳои забони мантиқи гуфтор инҳоянд:
а) р,q,r,s,p,q,…- аломатҳои гуфторӣ (тағиирёбандаҳои гуфторӣ); б) ┐,,v, →, ↔ - истилоҳҳои мантиқӣ (доимиҳои мантиқӣ); в) (,) – қавсҳо.
Таърифи формулаҳо:
а) Тағйирёбандаи гуфторӣ формула аст;

пешина
аз 262
навбатӣ