Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Натиҷагириҳое, ки дар онҳо аз муқаддимаҳои ҳақ на ҳама вақт натиҷаи ҳақ бармеояд, натиҷагириҳои эҳтимолӣ (ё ба ҳақиқат монанд) ном доранд. Дар ин гуна натиҷагириҳо аз муқаддимаҳои ҳақ, баъзан натиҷаи дурўғ низ бармеояд. Бинобар ҳамин ҳам, натиҷа характери эҳтимолӣ дорад.
Дар натиҷагириҳои дедуктивӣ, барои ҳақ будани натиҷа, бояд шартҳои зерин риоя шаванд:
а) муқаддимаҳо ҳақ бошанд; б) ҳангоми натиҷагирӣ на бояд қоидаҳои мантиқ вайрон карда шавад.
Шартҳои мазкур дар алоҳидагӣ шартҳои зарурӣ буда, якҷоя шарти кифоягии гирифтани натиҷаи ҳақ мебошад.
Натиҷагириҳои дедуктивӣ ду навъанд:
1.натиҷагириҳои мантиқи гуфтор; 2.натиҷагириҳое, ки дар онҳо сохти дохилии ҳукмҳои сода ба инобат гирифта мешавад.
Ба натиҷагириҳои навъи якўм чунин натиҷагириҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми натиҷагирӣ, сохти дохилии ҳукмҳои сода ба инобат гирифта намешавад. Яъне, барои баровардани натиҷа донистани робитаҳои байни ҳукмҳои сода кофӣ мебошад. Лекин, барои навъи дуюми натиҷагириҳо, на танҳо донистани робитаҳои ҳукмҳои содда, балки хусусиятҳои шакли мантиқии онҳоро низ ба назар гирифтан лозим аст.
§ 3. Натиҷагирии мантиқи гуфтор

Як қатор натиҷагириҳои мантиқи гуфтор ҳанўз дар мантиқи анъанавӣ маълум буданд, ки инҳоянд: натиҷагириҳои шартию қатъӣ, мунфасилаи қатъӣ, шартии мунфасила, шартии соф ва ғайра.
Натиҷагирие, ки дар он, яке аз муқаддимаҳо ҳукми шартӣ буда, муқаддимаи дигар - ҳукми қатъӣ (атрибутивӣ) мебошад, натиҷагирии шартию қатъӣ меноманд.
Масалан: «Агар, одамони холис даъват нашуда бошанд, он гоҳ тартиби мурофиавии амали тафтишот риоя намешавад. Одамони холис даъват нашудаанд. Пас, тартиби мурофиавии амалӣ тафтишот риоя нашудааст».
Шакли мантиқии натиҷагирии мазкур чунин аст: р→q, р q Натиҷагирии шартию қатъӣ, ҳамагӣ чор шакл дорад, ки дутои он дуруст буда, дутои дигараш нодуруст аст.

Шаклҳои дуруст: р→q, р р→q, ┐q
q ℸ p

пешина
аз 262
навбатӣ