Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ҳукмҳои А1, А2, А3…….Аn, ки аз онҳо натиҷа бармеояд, муқаддимаҳо меноманд, ва гуфтори В, ки аз муқаддимаҳо бароварда мешавад, натиҷа номида мешавад. Натиҷагириро одатан дар шакли зерин тасвир мекунанд:

А1, А2, А3……Аn ё ки (А1, А2, А3……Аn) ╞ В.
В

Хати рост ё ки «╞» аломати баромадани натиҷаро аз муқаддимаҳо ифода менамояд. Одатан, баровардани чизеро аз чизи дигар, дар забон тавассути калимаҳои «бинобар ин», «пас», «аз ин рў», «ҳамин тариқ» ва ғайраҳо ифода менамоянд.
Мантиқи дедуктивӣ, ҳамчун таълимот дар бораи тарзҳои дурусти муҳокимарониҳо, аз замони пайдоиши мантиқ, то имрўз ҷавҳари илми мантиқ, ба шумор меравад. Мантиқи дедуктивӣ бо натиҷаи муътақид иртибот дорад. Натиҷа, танҳо дар ҳамон вақт муътакид мешавад, агар аз асосҳои дуруст (муқаддимаҳо), ҳеҷ гоҳ имконияти баромадани натиҷаи нодуруст вуҷуд надошта бошад. Ин гуна натиҷагириро исбот меноманд ва мантиқи дедуктивӣ қоидаҳои исботро ошкор кардааст.
Баъзан барои исботи боэътимод зарурат ё худ имконият вуҷуд надорад. Дар чунин ҳолатҳо, мо фақат метавонем, нишон диҳем, ки натиҷа нисбатан хуб асоснок шудааст, яъне нисбат ба дигар натиҷаҳо эҳтимолияти ҳақ будани он дурусттар аст. Мантиқи индуктивӣ ба дурустии чунин натиҷаҳо кордор мебошад, ки имконияти исбот кардани он вуҷуд надорад.
Дар чунин ҳолатҳо мо танҳо бо хулосаҳои эҳтимолӣ кордор мебошем.
Дедуксия, ҳамчун усули маърифат ба қонунҳо ва қоидаҳо асос ёфтааст ва онҳо кафолат медиҳанд, ки ҳангоми ҳақ будани муқаддимаҳо ҳамеша натиҷаи ҳақ бароварда шавад. Дедуксия имконият медиҳад, ки маълумоти начандон ошкори дар муқаддима бударо дар натиҷа ошкор намояд.
Бинобар ин, дедуксия ҳамчун усули аниқ дар илмҳои назариявӣ бештар истифода мешавад. Ғайр аз ин мантиқи дедуктивӣ дар соҳаи амалияи ҳуқуқ, ва қонунҳои юридикӣ таъсири калон дорад.
Тамоми натиҷагириҳоро мо метавонем ба ду гурўҳ тақсим намоем:
дедуктивӣ ва индуктивӣ.

§2. Натиҷагириҳои дедуктивӣ Натиҷагириҳои дедуктивӣ – натиҷагириҳоеянд, ки дар онҳо ҳақ будани муқаддимаҳо кафолат медиҳад, ки натиҷа низ ҳукми ҳақ шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ