Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Асоси кафолат он аст, ки дар байни муқаддимаҳо ва натиҷа бояд муносибати мантиқӣ ҷой дошта бошад. Муносибати мазкурро бо таври рамзӣ чунин ифода мекунанд. Бигузор аз муқаддимаҳои А1, А2, А3……Аn ҳамчун натиҷа ҳукми В барояд. Агар муқаддимаҳои ин натиҷагириро тавассути конъюнксия якҷоя намоем схемаи зеринро пайдо мекунем: А1 А2А3…Аn⊨B
Дар натиҷа, формулаи зерин ҳосил мешавад, ки вай бояд формулаи айнан ҳақ бошад:
(А1А2А3…Аn) →B (1)

Агар, мо формулаи мазкурро тавассути ҷадвали семантиқӣ санҷем, чунин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст: яъне дар формулаи (1) барои ҳама гуна қиматҳои имконпазири тағйирёбандаҳои гуфторӣ қимати аломати импликатсия (→) ҳама вақт ҳақ мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми ҳақ будани муқаддимаҳо дурўғ шудани В муҳол аст.
Масалан, натиҷагирии зерин дедуктивӣ мебошад:

Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодӣ ва дахлнопазирии шахсиро доранд.
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам.
Ман ҳуқуқи озодӣ ва дахлнопазирии шахсиро дорам.

Баъзан мегўянд, ки дедуксия усули ҳосил кардани дониши нав шуда наметавонад. Лекин, якўм ин, ки дониши ноошкоре, ки дар муқаддимаҳо ҳаст, барои мо дониши нав мебошад; дуюм ин, ки дурустии ин гуна натиҷагирӣ дар он зоҳир мешавад, ки вай дар фаъолияти фикрию амалӣ бештар истифода мешавад. Дедуксия бевосита ба маълумоти ҳиссӣ такя накунад ҳам, баъзан ба чунин маълумот эҳтиёҷ дорад. Маълумоте, ки ба мушоҳида ва озмун алоқаманданд, тавассути натиҷагирии ғайридедуктивӣ гирифта мешаванд.
Чӣ хеле, ки таъкид кардем, ҳукм ё донишҳои мабодие, ки аз онҳо ҳукмҳои нав бармеоянд, муқаддима номида мешаванд ва ҳукме, ки аз муқаддимаҳо бармеояд, натиҷа меноманд.
Дар натиҷагирӣ, унсури сеюминро робитаи мантиқӣ ташкил медиҳад.
Робитаи мантиқӣ, тавассути калимаҳои «бинобар ин», «пас» ва ғайра ифода гардида, алоқамандии муқаддима ва натиҷаро аз ҷиҳати мазмун муайян мекунад. Натиҷагирӣ имконият фароҳам меорад, ки мо аз як навъи дониши маълум, дониши то ҳол номаълум ҳосил намоем.

пешина
аз 262
навбатӣ