Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

§1. Маълумоти умумӣ дар бораи натиҷагирӣ.

Яке аз мавзўъҳои асосии мантиқи шаклӣ натиҷагирӣ ба шумор меравад. Натиҷагирӣ ҳамчун яке аз шаклҳои инкишофи маърифат, воситаи муҳимтарини омўзиши воқеият мебошад. Илмҳои гуногун дар ҷараёни инкишофи худ, зимни донишҳои мавҷуда натиҷаҳои нав ба даст оварда қонуниятҳои нав ба навро ошкор менамояд. Ҳеҷ як илм бидуни натиҷагирӣ ташаккул ёфта наметавонад. Нақши натиҷагирӣ дар тамоми соҳаҳои амалию маънавии инсон хеле бузург мебошад.
Баробари ин, таъкид кардан ҷоиз аст, ки натиҷагирӣ дар мантиқи шаклӣ, яке аз мавзўъҳои душвортарин ба шумор меравад. Бинобар ин, аз худ кардани мавзўи мазкур, аз донишҷўён ҷидду ҷаҳди махсусеро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама, яке аз шартҳои аз худ намудани мавзўи «Натиҷагирӣ» донистани мавзўҳои пешина «Мафҳум», «Ҳукм», ва «Қонунҳои асосии мантиқ» мебошад. Илова бар ин, дар назарияи натиҷагирӣ қонунҳои мушаххасе вомехўранд, ки онҳоро на бо роҳи азёдкунӣ, балки бо роҳи таҳлил ва истифодаи онҳо ҳангоми ҳалли машқу мисолҳо аз худ кардан мумкин аст.
Дар илми мантиқ тавассути таҳлили амалҳои маърифатӣ, мо имконият пайдо менамоем, ки аз чизи маълум, дониши то ҳол номаълумро пайдо намоем. Донишҳои мо тавассути ҳукм ё худ ҷумлаҳо сабт мешаванд.
Дар асоси ҳукм мо метавонем натиҷагирӣ намоем.
Натиҷагирӣ, шакли тафаккурест, ки дар вай аз як ё якчанд ҳукм, ҳамчун хулоса, ҳукми нав бармеояд.
Натиҷагирӣ имконият медиҳад, ки мо аз як навъ дониш, дониши дигари то ҳол номаълумро ҳосил намоем. Аз ин рў, натиҷагирӣ шакли инкишофи дониш мебошад. Донишҳоеро, ки бо ёрии ҳиссиёт пайдо кардан мумкин нест, тавассути натиҷагирӣ ошкор кардан мумкин аст.
Қисми зиёди донишамонро оид ба олами беруна, мо тавассути тафаккур, мулоҳизаю муҳокимарониҳо пайдо мекунем. Чунин навъи донишро донишҳои бавосита ё худ хулосавӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, натиҷагирӣ гуфта пайдарпаии ҳукмҳоеро меноманд, ки дар он ҳукми охирин аз ҳукмҳои пешина бармеояд.
Натиҷагирӣ, ин қадами элементарӣ ба сўи муҳокимаронӣ аст, яъне усули асоснок кардани ягон гуфтор, тавассути баровардани он аз гуфтори дигар.

пешина
аз 262
навбатӣ