Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Баъзе донишҷўён ба дарсҳо тайёрӣ намебинанд.
д) Ҳеҷ як хонанда аз кори контролӣ – аз фанни риёзиёт баҳои «аъло»
нагирифт. Баъзе хонандагон аз кори контролӣ – аз фанни физика баҳои «аъло» гирифтанд.
3. Нисбати кадоме аз ҷуфти ҳукмҳои зерин қонуни истиснои солис амал мекунад ва нисбати кадоми он амал намекунад?
а) Ҳамаи унсурҳои ҷадвали даврии Менделеев фулузанд. Ҳеҷ як унсури ҷадвали Менделеев фулуз нест.
б) Дар баъзе давлатҳо сохти яккаҳукмравоӣ мавҷуд аст. Дар баъзе давлатҳо сохти яккаҳукмравоӣ мавҷуд нест.
в) Ҳамаи намояндагони халқ тарафдори иқтисодиёти бозоргонианд.
Иддае аз намояндагони халқ иқтисодиёти бозоргониро дастгирӣ намекунанд.
г) Ҳамаи олимон зиёиянд. Баъзе олимон зиёиянд.
4. Кадоме аз қонунҳои мантиқро нисбати ҷуфти ҳукмҳои зерин татбиқ кардан мумкин аст?
а) Ҳамаи кўлҳо оби ширин доранд. Ягон кўл оби ширин надорад.
б) Ҳамаи ҳайвонҳои ҷуфтсум ҳайвоноти ширхўранд. Баъзе ҳайвонҳои ҷуфтсум ҳайвони ширхўр нестанд.
в) Баъзе хонандагон ба бозии футбол машғуланд.
Баъзе хонандагон ба бозии футбол машғул нестанд.
5. Оё мафҳумҳои зерин айниятанд?
а) Тимсоҳ, аллигатор, намояндаи гурўҳи хазандаҳои обӣ.
б) Якравӣ – ноқисии ақли заиф.
в) Танбеҳ – нафрат ба кўшишҳо.
г) Нил, дарё дар Африка, дарёи дарозтарини дунё, дарё, ки дарозиаш 6671 км.
6. Дар рекламаи савдои зерин кадом қонуни мантиқ вайрон шудааст:
«Ҳеҷ чиз сипари маро сўрох карда наметавонад» ва «Тири камони ман ҳама чизро сўрох карда метавонад». Роҳгузаре пурсид: «Оё тири камони Шумо сипари шуморо сўрох карда метавонад?» (Аз мантиқи Чини қадим).

БОБИ VI. НАТИҶАГИРӢ (ИСТИНТОҶ).

Мафҳумҳои асосӣ: натиҷагирӣ, муқаддима, натиҷа, натиҷагирии
мантиқан зарурӣ, натиҷагирии эҳтимолӣ, натиҷагирии дедуктивӣ, натиҷагирии мантиқи гуфтор, натиҷагирии мантиқи предикатҳо, натиҷагирии
бевостита, (табдил, акс, муқобилгузорӣ ба предикат, натиҷагирӣ аз рўи
мураббаи мантиқӣ), натиҷагирии шартию қатъӣ, натиҷагирии шартии соф, натиҷагирии мунфасилаи қатъӣ, дилемма, қиёс, истилоҳи миёна, истилоҳи канорӣ, модусҳо ва шаклҳои қиёс, энтимема, қиёси мухтасар, натиҷагирии индуктивӣ, тамсил (аналогия).

пешина
аз 262
навбатӣ