Мантиқ

Як муҳокимаи софистонро аз назар мегузаронем:
Он чизе, ки ту гум накардаӣ, ту дорӣ (ҷавоб: не) Ту шохҳоятро гум накардаӣ?
(Мусоҳиб ҷавоб медиҳад, ки «гум накардаам») Пас маълум мешавад, ки ту шох дорӣ.
Бояд таъкид кард, ки дар ин ҷо бо вуҷуди он, ки муҳокимаронӣ шаклан дуруст мебошад, лекин натиҷа дурўғ аст. Сабаби ин дар он аст, ки дар хулосабарории мазкур мафҳуми «гум накардаӣ» ба ду маъно кор фармуда шудааст. Дар ҳукми якум мафҳуми «гум накардаӣ» ба он чизҳое дахлдор аст, ки онҳо ба инсон тааллуқ доранд, дар ҳукми дуюм мафҳуми «гум накардаӣ»
ба он чизе (яъне шох) дахлдор аст, ки ин чиз ба инсон хос намебошад.
Ҳамин тавр, мувофиқи принсипи айният тафаккури дуруст бояд возеҳ бошад. Возеҳият хосияти ҷудонашавандаи тафаккури мантиқист.
Тафаккури мантиқӣ, агар ашёву зуҳуроти олами обективиро дуруст инъикос намояд, мунтазам ва адами таноқуз мешавад. Мунтазамӣ, хосияти зотии тафаккури дуруст мебошад. Вай дар принсипи адами таноқуз ифодаи худро ёфтааст. Ин принсип чунин тасреҳ гардидааст: ду ҳукми зид дар як вақт ҳақ буда наметавонанд, яке аз онҳо ногузир бояд дурўғ бошад.
Принсипи адами таноқуз бо формулаи ┐(p┐p) ифода мешавад ва дар он р – қазияи муайян буда, ┐р – қазияест, ки қазияи р – ро инкор менамояд ва аломати (┐) инкори қазияи мураккаби (p┐p)-ро ифода менамояд.
Формулаи мазкур бо таври зайл хонда мешавад: дар як вақт қазияи р ва инкори он (┐р) ҳақ буда наметавонанд. Усули адами таноқуз аз ду фикре, ки нисбат ба ягон чиз дар як вақт гуфта шудааст дурўғ будани яке аз онҳоро собит мекунад.
Маҳорати ошкор намудан ва бартараф кардани зиддиятҳо барои ҳар як инсон аҳамияти зиёд дорад. Ҳангоми муҳокимарониҳо танҳо риоя намудани талаботи принсипҳои мантиқи шаклӣ кифоя нест, кас бояд, инчунин, ба принсипҳои диалектикӣ истинод биёрад, зеро мувофиқи онҳо ашё ҳатман дар инкишофу робитаи ҳамдигарӣ омўхта мешавад.
Барои муайян намудани мавриди амали принсипи адами таноқуз ба қазияҳо ва амал накардани онҳо, мисолҳои зеринро дида мебароем:
- «Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст» ва «Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест». Қазияҳои мазкур зиданд, пас мувофиқи принсипи адами таноқуз ин қазияҳо дар як вақт ҳақ намешаванд.
- «Раҳимов футболбози хуб аст» ва «Раҳимов футболбози хуб нест».
Дар ин ҷо Раҳимов футболбози хуб гуфта, солҳои пеш дар назар дошта шуданаш мумкин аст ва «Раҳимов футболбози хуб аст» гуфта, соли ҷорӣ ба назар гирифта шуданаш мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё