Мантиқ

Дар ингуна қазияҳо зиддият ба миён намеояд. Зеро эҳтимол Раҳимов солҳои пеш футболбози хуб набуд, аммо соли ҷорӣ футболбозӣ хуб шуда бошад. Нисбати ҳамин гуна қазияҳо принсипи адами таноқуз амал намекунад. Бинобар ин принсипи мазкур тақозо менамояд, ки фикрҳо ё ҳукмҳои зид дар як нисбат, дар бораи як ашё, дар як вақт баён шаванд.
Баъзан дар муҳокимарониҳо, пайхас намудани зиддиятҳо душвор аст.
Зеро аксаран бо таври пинҳонӣ ҷойгир мешаванд. Масалан, гуфтори машҳури яке аз файласуфи бузурги Юнони Қадим Суқротро аз назар мегузаронем. Ў гуфтааст, ки: «Медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам». Дар ин гуфтор ба зиддият роҳ дода шудааст. Дар ҳақиқат, агар ба Суқрот маълум бошад, ки вай ҳеҷ чизро намедонад, пас шубҳае нест, ки ў инро (яъне чизи медонистагиашро) ҳам намедонад.
Агар принсипи адами таноқуз аз ду қазияи зид дурўғ будани якеашро исбот кунад, пас принсипи истиснои солис собит менамояд, ки ду ҳукми зид дар як вақт дурўғ буда наметавонанд, яке аз онҳо ҳатман ҳақ буда ҳолати сеюм истисно аст.
Принсипи адми таноқуз, тақозо менамояд, ки қазия ва инкори вай дар як вақт рад нашавад, яъне ҳукмҳоро тавре аниқ намоем, ки ба саволҳои алтернативӣ ҷавобгў бошанд. Ба ҳамин тариқ, ин принсип муайянияти сифатии ашёву зуҳуротро собит мекунад.
Принсипи истиснои солис монанди принсипҳои дигари мантиқи шаклӣ, дар фаъолияти амалию назарии одамон, аз ҷумла, кори ҳуқуқшиносону ходимони ҷабҳаи сиёсӣ аҳамияти калон дорад. Аксаран, кас дар кори амалию маърифатии худ диллемаеро доир ба тарзи ҳалли ин ё он масъала аз мадди назар мегузаронад. Дар ин хел ҳолатҳо барои ҷавоби аниқ шахс бояд, вазъиятро муфассал ва ҳаматарафа омўзад.
Принсипи истиснои солис бо формулаи «p V ┐p» ифода меёбад.
Талаботи дигаре, ки нисбат ба муҳокимаҳо пешниҳод мегардад, асоснокӣ ва далелнокии онҳо мебошанд. Ин талабот аз шартҳои принсипи асоси кофӣ бармеояд, ки чунин тасреҳ мешавад: Ҳар як фикри ҳақ бояд асоси кофӣ дошта бошад. Бинобар ин, барои ҳақ донистани ҳар як фикр, ҳукм, назария бояд асоснок шавад. Фикр ё ҳукмеро, ки далел надорад, ҳақ ҳисобидан мумкин нест.
Агар ҳақ будани ягон ҳукмро исбот накарда ба он бовар кунем, он гоҳ мегўянд, ки: «он ҳукми асоснок нашудааст». Ҳукмҳое, ки аз онҳо бо ёрии далелҳо ҳукми дигар бароварда мешавад, ҳукмҳои асосноккунанда номида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё