Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Принсипҳои асосии мантиқи шаклӣ чортоанд: принсипи айният, принсипи адами таноқуз, принсипи истиснои солис ва принсипи асоси кофӣ.
Ин усулҳои тафаккури мантиқӣ хусусияти умумӣ дошта, нисбати ҳамаи шаклҳои фикр: мафҳум, қазия, натиҷагирӣ ва амалҳои мантиқӣ амал мекунанд.
Ҳангоми иҷро намудани амалҳои мантиқӣ доир ба мафҳумҳо, ҳукмҳо ва хулосабарориҳо қудрати принсипҳои мантиқи шаклиро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рў, принсипҳои асосии мантиқи шаклӣ аз қоидаҳои он фарқ дорад. Қоидаҳои мантиқи шаклӣ нисбати ҳамаи шаклҳои тафаккур амал карданашон шарт нест.
Принсипҳои мантиқи шаклӣ инъикоси ҷиҳатҳо, муносибати муайяни ашёи олами моддӣ мебошанд ва дар натиҷаи фаъолияти амалию истеҳсолии одамон мустаҳкам гардида, дар айни замон исботро тақоӣзо намекунанд.
Принсипи айният возеҳии фикрро таъмин менамояд. Ин принсип тақозо менамояд, ки ҳангоми муҳокимаронӣ фикр бояд новобаста ба микдори такроршавиаш мазмуни муайяни худро нигоҳ дорад. Ё агар бо ибораи дигар гўем: ҳар як мафҳум дорои мазмуни муайяни мушаххас мебошад, пас, ин мафҳум дар доираи муайяни муҳокимаронӣ чанд бор такрор шавад, ҳам, мазмуни худро набояд гум кунад. Агар талаботи принсипи мазкур вайрон шавад, пас фикрҳои айниятдор ҳамчун гуногун ва баръакс, фикрҳои гуногун айниятдор ҳисобида мешаванд. Ин ҳодиса ба хусусиятҳои луғавии мафҳумҳо алоқаманд аст, алалхусус, истифодаи нодурусти синонимҳо, омонимҳо тартиби мантиқии фикр ва возеҳияти онро вайрон мекунад. Масалан, калимаи «натиҷа» се маъно дорад.

  1. Дар мантиқ қисми қазияи шартист, ки аз асос бармеояд.
  2. Қазияи аз як ё якчанд қазия барояндаро низ «натиҷа» гўянд.
  3. Дар амалияи судӣ калимаи мазкур ҷамъбасти тафтиши ҳолати кори ҷиноиро ифода мекунад.
    Калимаи «шаст» низ сермаъност (рақам, синну сол, суръат, чангак ва ғайра).
    Принсипи айният ба тариқи зер тасреҳ меёбад: ҳар як фикр ба худи худаш айниятдор мебошад. Дар мантиқ принсипи айниятро тавассути формулаи «р – р», «р=р», «р≡р», «рр»ифода мекунанд.
    Яке аз шартҳои зарурии тафаккури дуруст риоя намудани талаботи принсипи айният аст. Баъзан истифодаи нодурусти синонимҳо боиси вайрон шудани талаботи принсипи айният мегардад. Дар натиҷа хатоии мантиқӣ рўй медиҳад, ки онро таъвизи мафҳум меноманд. Масалан, дар Юнони Қадим гурўҳи одамоне буданд, ки онҳо барои дар баҳсу мунозираҳо ғолиб баромадан бошуурона ва барқасдона принсипҳои мантиқи шаклӣ, аз ҷумла, принсипи айниятро вайрон мекарданд, Ин қабил одамонро софистҳо меноманд.
пешина
аз 262
навбатӣ