Мантиқ

Дар ин хусус Ф. Энгелс навишта буд: «Агар усули материалистиро ҳангоми таҳқиқи таърих на ҳамчун дастур, балки чун қолаб, барои тарҳбандию тарҳкушоии далелҳои таърихӣ, истифода баранд, пас он ба акси
1 худ табдил меёбад».
Ҳангоми таҳқиқи объект тамоми робитаву муносибатҳои вайро ба назар гирифтан, принсипи муҳимтарини усули диалектикӣ мебошад.
Принсипи мазкур аз принсипи мафкуравии робитаи куллӣ бармеояд, Воқеан, агар ашё ягонагии ҷиҳатҳо ва хосиятҳои ба ҳам алоқамандро ифода намуда, дар айни ҳол, бо ашёи дигар дар робитаҳои гуногун бошад, пас барои идроки он зарур аст, ки ҳамаи робитаву муносибатҳо ба инобат гирифта шаванд.
Яке аз принсипҳои муҳими усули диалектикӣ принсипи таърихият аст.
Мувофиқи принсипи мазкур объектро ҳамеша дар тағйирёбӣ, худҳаракат ва инкишоф таҳқиқ намуда, пайдоишу аз як марҳилаи инкишоф ба дигараш гуаштани онро собит кардан зарур аст. Ҳамаи онҳо барои пешгўии вазъияти ояндаи объект мусоидат мекунанд. Принсипи таърихият натиҷаи инкишоф мебошад. Дар ҳакиқат, агар тамоми ашёи воқеият дар ҳаракату тағйирёбӣ бошанд, пас барои таҳқиқи ҳаматарафаи ашё ҷараёни тағйирёбӣ ва инкишофи онҳоро омўхтан лозим аст.
Принсипи таърихият аслан маънои онро надорад, ки гўё ҳангоми таҳқиқи объект таърихи онро чӣ хеле, ки дар воқеият зоҳир шудааст, барқарор намоем. Вай тақозо менамояд, ки таҳқиқи объект аз таърихи он оғоз гардад. Сипас, тафаккур барои ошкор намудани қонуниятҳои ивазшавии марҳилаи инкишофи объект нигаронида мешавад. Бешубҳа, татбиқи амалии талаботи мазкур баёни илмии хосиятҳову робитаҳои объектро имконпазир мегардонад. Маҳз бо ҳамин роҳ моҳияти объектро ошкор намуда, эҳтимолияти инкишофи минбаъдаи обектро пешгўӣ кардан мумкин аст.
Ниҳоят, боз, як принсипи усули диалектикӣ принсипи ба ду тақсим намудани объекти маърифат ва таҳқиқи тарафҳои муқобили он мебошад, ки аз қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо чун натиҷа бармеояд.
Принсипҳои методологӣ якҷоя бо усулҳои маърифату фаъолияти амалии одамон, инчунин, шаклҳои маърифат ҷиҳати прогрессивии усули диалектикиро ташкил медиҳанд.
§ 4. Принсипҳои методологии мантиқи шаклӣ
Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 37. с.351.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё