Мантиқ

Ҳангоми иваз намудани ҷойҳои ҳукми таркибӣ дар ҳукми мураккаби якум маънои он тағйир намеёбад. Лекин дар ҳукми дуюм ҷойи ҳукмҳои таркибиро иваз кардан мумкин нест.
Дар мантиқ пайвандаки «ва» дорои маънои муайян мебошад.
Пайвандаки мазкурро бо аломати (конъюнксия) – ишора менамоянд. Аз ин рў. ҳукми муттасиларо, ҳукми конъюнктивӣ низ меноманд. Одатан қимати аломати конъюнксия тавассути ҷадвал муайян мешавад, ки вайро ҷадвали ҳаққоният меноманд. Ҷадвали мазкур имконият медиҳад, ки ҳолатҳои ҳақ ё дурўғ будани ҳукми конъюнктивӣ вобаста аз қиматҳои имконпазири ҳукмҳои таркибӣ муайян карда шавад. Ҳукми конъюнктивӣ бо ёрии формулаи (А В) ифода мешавад, ки дар ин ҷо ҳукмҳои соддаи А ва В қиматҳои ҳақ ё дурўғ – ро қабул карда метавонанд. Ҷадвали ҳукми муттасила ( конъюнктивӣ) чунин аст:
А В АВ
ҳ ҳ ҳ
ҳ д д
д ҳ д
д д д
Қазияҳои мунфасила. Қазияе, ки аз ду ва ё зиёда казияи сода тавассути павандаки мантиқии «ё» ташкил меёбад, қазияи мунфасила номида мешавад.
Бояд ду маънои пайвандақии «ё» - ро аз якдигар фарқ кард. Маънои якуми пайвандаки «ё» мунфасили ғайриқатъӣ (ё пайваст) ном дорад. Яъне аз ду ҳолати алтернативӣ ҳардуяш ҳам ҷой дошта метавонад. Масалан, «Шарифов ё ҳуқуқшинос аст ё намояндаи халқ», Яъне дар ин ҷо ҳуқуқшинос будани Шарифов намояндаи халқ будани ўро истисно намекунад.
Маънои дуюми пайвандаки «ё» -ро мунфасилаи қатъӣ меноманд, ки дар он як ҳолати алтернативӣ ногузир ҳолати дуюмро истисно мекунад.
Масалан, «Ин ҷиноятро Каримов содир кард ё накардааст».
A B AVB
ҳ ҳ ҳ
ҳ д ҳ
д ҳ ҳ
д д д Дар мантиқ пайвандаки «ё»-ро дар маънои аввал (яъне мунфассилаи ғайриқатъӣ) бо аломати V (дизюнксия) – ишора менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё