Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Мо кўдакон будему ба поҳои норавон Дирўз аз пайи падарону бародарон Чун қатраҳои ашки аламноки модарон Бас бемаҳал ба ҷанги ҷаҳонӣ равон шудем.
Мо ҷои шири пок дар оғўши модарон Хун хўрдаему низ шамидем бўи хун, Бас модарони мо ҳама хунинҷигар буданд, Бо пою сар давидаю бе пою сар буданд…
Дар роҳи сардбоду хазонрези боғҳо Бепушту бепаноҳ
Чун меваҳои мазраи лошак будем мо.
Мо кўдакон будем…
10 Обсабз.
Аз рўи ноз ҳеҷ набуд гиряҳои мо, Гар мо гиристаем, гирифтем аз алам Бо гиряҳои худ сари овози модарон, Мо гиря кардаем ба марги бародарон.
Бедарду доғ низ набуд хандаҳои мо, Хандидаем талх ба оғози талхи хеш, Ларзида буд замину замон аз садои мо.
Мо кўдакон будем…
Ба ҳангоми говгум
Моро наҷустаанд падарҳо зи кўчаҳо, Мо ҷустаем балки падарҳои хешро…
Як умр дар суроғи падар дарбадар шудем, Мо бе падар калон шудаву худ падар шудем.
Мо кўдакон будему баровардаем дўш Чашми хат аз ҳуруфи сиёҳи «хати сиёҳ», Бо ҳар «хати сиёҳ» зи бахти баду сиёҳ Будем шоҳидони яке марги бегуноҳ.
Ҳар хат чу буд хатти ҳаёту мамоти мо, Мушкил ба даст омада хатти саводи мо…
Мо кўдакон будем…
Дар ҷангбозӣ омада сар рўзҳои мо, Гаҳ захмдор гаштаву гаҳ мурдаем низ, Андар набардгоҳ гаҳе хоб бурдааст Моро пас аз диловарӣ андар набардрез…
Мо кўдакон будем…
Буд нони субҳгоҳиамон қурси офтоб, Буд нони шомгоҳиамон қурси моҳтоб…
Мо реша хўрдаву ба замин реша рондаем, Мо сабза хўрда, сабзасифат сабз мондаем…
Фирўзу шодмона гирифтем пешвоз Фирўз аскарони зи майдон расидаро, Бе по расид он яке,
Бе даст дигаре,
Мо аз барои он ҳама будем дасту по…
Мо кўдакон будем…
Ва марди калон шудем,
Чун пул миёни рафтаву ояндагон шудем, Анҷом дода ҷанги ҷаҳонро, ҷаҳон шудем.
Мо ҳам шаҳиди зиндаи ҷанги ҷаҳонием, Ҳам шоҳидони тантанаи зиндагонием.
Ҳамон соле, ки зодаш модари зор, Ғарибу танг буд аҳволи дунё, Зи маймунбозии қисмат дарак дод, Ки маймун буд, оваҳ, соли дунё.
Ҷаҳонгирон ҳама дилгир рафтанд, Диловар инқилобӣ шуд ҷаҳонгир, Падарро ном дар он соли сангин Ба рамзи фатҳёбӣ шуд Ҷаҳонгир.
Чу дунёи навин ў монд зинда, Шудам ман сабз аз хуни дили ў, Падар дилёбу дилҷў буд умре, Шудам дар умр ҳамобугили ў.
Ҷаҳонгир аст ў, аммо надорад Ҷаҳон ҷуз кулбаи бас содаи худ, Беҳин ганҷаш бувад фарзандҳояш, Биболад бо дили бикшодаи худ.
Биболам низ бо номи накўяш, Ҳазар дорам чу ў аз теғу аз тир.
Агар бо шеър дунёи дилеро Бигирам ман, ҷаҳонгирам, ҷаҳонгир.
Ҳар гаҳе оям ба даргоҳи ту, модар, Ашкҳоят боз борон мешавад, Баҳри чашмат кони тўфон мешавад.
Дар замони тифлии ман
Беғуборе буд чашмони ту, модар, Чашмаҳои умрбахше лек меҷўшид баҳрам Аз ду пистони ту, модар.
Ҷумла тифлони ту раҳпўянд акнун, Дида бас мулк, оби эй бас чашмаҳо нўшидаанд; Ташнагии тифлҳоятро шикаста дар раҳи душвори қисмат, Чашмаҳои шири ҷонбахши ту ҳам хушкидаанд; Ё кунун он чашмаҳо аз чашми ту ҷўшидаанд?
Ман зи оби дидаат, модар, Мекунам эҳсос покиҳои шири даври тифлӣ хўрдаамро, Талхиеро ҳам, ки бас афзун чашидам дар раҳи кўтоҳи умрам; Шўрии он мекунад ҳамдил маро бо шўрбахти рўи дунё.
Омадам, инак, ба даргоҳи ту, модар, Бо дуоят аз сафарҳо бехатар, Боз мебинам, ки чашмони ту ҳамчун осмонанд, Ашкҳоят дар сари мижгон мисоли ахтаронанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё