Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Халтаи пўстии ҷисми ман
Халтае устухон барад бо худ.
Ҷисми пирам аз ин ҷаҳони пир
Дилу ҷонро ҷавон барад бо худ.


Ҳар ҷо, ки ту бошӣ, набувад дилсияҳӣ,
Мўи ту сафед мекунад дилҳоро,
Модар, модар, чу субҳи содиқ умре
Мўи ту сафед мекунад дунёро.
Он гуна, ки аз хоби гарон бархезад
Дар деҳ ҳама кас баробари субҳдамид,
Пеши ту ҳама хурду калон бархезад,
Чун субҳ гаҳе расӣ ту бо мўи сафед.
Гўянд, ки субҳ ризқбахшо бошад,
Боризқ шавад, чу субҳ хезад одам,
То субҳи сафеди мўи ту бар сари мост,
Боризқтар аз мо набувад дар олам.
Модар, модар, зи рўи дунё моро
Бошад дилу имони сафеди ту ниёз,
Як умр насиби хестан бошад кош
Дар субҳи сафеди мўйҳоят ба намоз.
Диле гар аз задан монад…
Диле гар аз задан монад, дилам мемонад аз дунё,
Саре гар зери по шуд, мешавам афгор сар то по.
Тане сўзад зи таб, ман мешавам дар хеш хокистар,
Касе лабташна мирад, ашки чашмам мешавад дарё.
Шавад кўр ахтаре, гўям шавад чашмони ман ҳам кўр,
Диле шуд кўр агар, дар синаи ман дил наёбад ҷо.
Шавад гар муштзўри бедиле болонишини базм,
Дилам мемонад аз зўриву базму аз Ҷаму Доро.
Яке бедаступоеро бубинам рўи раҳ ногаҳ,
Ҳамеафтам ба роҳи хештан бедаступо гўё.
Ман ин дунёи зеборо агарчӣ дўст медорам,
Диле гар аз задан монад, дилам мемонад аз дунё.


Зар фишонад офтоб аз шонаат, эй пахтакор.
Дурфишониҳо кунад пешонаат, эй пахтакор.
То тариқи сўзу соз омўзад аз ту, офтоб
Мешавад то шомгаҳ парвонаат, эй пахтакор.
Қомати ҳар навниҳоле рост мегардад яқин
Аз хамии қомати пиронаат, эй пахтакор.
Бас ҳилолат бадр гардад, бадр гардад бас ҳилол,
То ҳалол ояд ба каф моҳонаат, эй пахтакор.
Чор фасле донаафшонӣ намоӣ аз ҷабин,
Оқибат хирман бигардад донаат, эй пахтакор.
Буд дили ман манзилат, эй пахтакору баъд аз ин
Хонаи чашмони ман шуд хонаат, эй пахтакор.
Икар
Чун ту рафтам ба хонаи хуршед,
Чун ту оташ задам тани худро,
Гуфт дардам забони сад шуъла,
Худ шудам ҳамчу гулхани гўё.
Чун набудам ғами сарупое,
Сўхт чун гулхане саропоям,
Аз дилам сар кашид беохир
Ҳамчунон шуъла орзўҳоям.
Кафтари оташин шуду пар зад
Дили ман сўи хонаи хуршед,
Дар замин аз вуҷуди сўзонам
Гашт хуршеди дигаре тавлид.
Пар кашиданд орзўҳоям,
Дили ман ошёни холӣ шуд,
Нигаҳам низ пар заду чашмам
Лонаи сарди пурмалолӣ шуд.
Орзўҳо – фариштаҳои дилам
Дар фалакҳо шуданд болафшон,
Гашта пар-пар, пароварӣ карданд
Ҳамчунон абрҳои тобистон.
Абр гирён шуду шарар зад барқ,
Пас баромад камону зуд шикаст,
Нолае дар вуҷуди ман ларзид,
Ки магар умр як шарар будаст?
Ҳайф, гуфтам, фариштаҳоямро
Натавонам ба уфқ бифристам…
Пас сари гўри орзўҳоям
Шиштаму зор-зор бигристам.
Вопасин баҳор
Ба хотираи ҳамсабақам Сангинмоҳ
Бишнавӣ то суруди амвоҷаш,
Медавидӣ ба соҳили дарё.
Аз лабаш хуш наомадат созаш,
Рафтӣ охир ту бар дили дарё.
Будаӣ ҳамчу барраи оҳу,
Гурги дарё гирифтату бигрехт…
Чашмҳоят ба об ранг афзуд,
Мавҷи мўят ба мавҷи об омехт…
Хаззаҳо10 сабз дар дили дарё,
Вопасин навбаҳори ту бошад,
Пуштаи мавҷҳо қатор-қатор,
З-он кадомин мазори ту бошад?..


Мо кўдакон будем…
Бозор Собир
Мо кўдакон будем…
Мо кўдакон будем, ки дар кўраи ҳаёт
Ногоҳ пухта, бехабар аз худ калон шудем.

пешина
аз 235
навбатӣ