Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Халқиёни зи халқ дур афзун, Аз ту халқитаре намебинам.
Гоҳ аз ханда, гоҳ аз гиря Мекунӣ чашми халқро пури нам.
Он як аз зиндагӣ басо осон Қанд гирад, гузашта аз пандаш, Низ осон нишону унвонҳо Гуна-гуна гирифта бидҳандаш.
Лек аз баҳри одам аст унвон, Одамӣ аз барои унвон нест, Аз ҳунар пур бувад муҳит туро, Дар муҳити ту ҷои унвон нест.
Баҳри ҳар тифл беҳтарин инсон Бошад андар ҳаёт моми худаш.
Баҳри ҳар мард беҳтарин унвон Бошад андар ҳаёт номи худаш.
Номи ту гаштааст рамзи ҳунар, Шуд ҳунар зинае аз ў боло.
Баъд аз ин дар миёни унвонҳо Ҳаст унвони нав – Убайдулло.
Агар хоҳед…
Пеши мо ҳар гоҳ мегўянд Бо насиҳатҳо адибоне:
“Боқӣ, эй ҳамдам, чи одам буд, Ё ки Турсунзода, медонӣ?!” Ман намедонам, чи сон буда, Лек шоир буда, медонам, Бар ғаму бар ҳасрати одам Синаро бикшуда, медонам.
Баҳри фардо эй басо онон Авф карда пургуноҳонро, Андар ин дунё басо дода Сарпаноҳе бепаноҳонро.
Ҳарду ҳам буданд чун деҳқон, Баҳри фардо ҳарду ҳам киштанд, Ҳарду мешиштанд дар курсӣ, Дар ғами курсӣ намешиштанд.
Ҳарду бигзаштанд аз олам, Як ҷаҳон шогирдҳо монда, Чанд марде – лоиқи онон, Зумрае бедардҳо монда.
Оре, оре, зумрае бошад – Баҳраҳо аз умрашон бурда, Бурда аз хотир пас онҳоро, Хешро бар ёд оварда.
Ҷумларо монданд бар инҳо, Мардии худро магар бурданд?
Ё ки инҳо мардии худро Бо кабобу бо арақ хўрданд?!
Баъди онҳо аз барои мо Гаштааст имдод афсона, Нест одат ин замон паймон, Ҷои паймон монда паймона.
Ман намедонам, чи сон бигзашт Умри Турсунзодаву Боқӣ, Лек медонам, ки подоранд То бувад фарҳанги мо боқӣ.
Лек медонам: агар хоҳед Боз Лоиқ рўяду Бозор, Боғбоне боз чун Боқӣ, Боз Турсунзодае даркор!
Орзўи шеъри дилҷўи баҳорон Барф шеъри пурғами поизро карда таҳрир, дар китоби зиндагонӣ боз шеъри хешро бинвишт имшаб.
Андар он ҳар роҳ сатри ноаёнест, ҳар дарахте чун хитоби нобаҷо, песаҳо ҳамчун ҳиҷои бесадо, рўдҳо чун сатрҳои норавонанд, ҷўйҳо чун мисраи обаш парида, ҳаст балки ҳар яке як мисраи беобу дилгир.
Як шаб он сў дар китоби бози тиреза роҳи оҳан шоҳбайте менамуд.
имшаб онро барф монанди муҳаррир карда таҳрир.
Ғофил аз оне, ки маҳз он буда як байти асил, борҳо бар дўш дорад, мебарад низ одамонро то ба манзил.

Чашм сўи сафҳаҳои шеъри якрангу сафеди барф, чашм сўи тораҳои бешумора – сатрҳои шоири пурҳарф, орзўи шоири озодадевон мекунам, орзўи шеъри дилҷўи баҳорон мекунам.
Баъди чанде мерасад ў бо нигоҳи тозаву тар, шеърҳояш хубу дилбар.
Роҳҳои ноаён – ин сатрҳои ноаёнро мекунад охир аён, рўдҳои норавон – ин сатрҳои норавонро мекунад охир равон.
Мўсафеди завқҳоро мекунад охир ҷавон, охир ҷавон…
Марди пир
Ҳар чиям буд, бар ҷаҳон додам, Ҷуз нафас ҳеҷ чиз нагрифта.
Бо дарахти ҳаёт сабзидам, Хешро баргаке аз он гуфта.
Ҳамчунон гўшмоҳии9 дарё Зинда мондам ба азми ҳуши хеш, Гўш додам ба гўши худ танҳо, Буда миннатпазири гўши хеш.
Сабз будам, ба азми худ будам, Баҳри ин кас набуд тадбирам – Ҳамчунон арчаҳои худгире Сабз будаст асли тақдирам.
Ҳамчунон арча будаам умре Рамзи сарсабзӣ андар ин дунё, Арчасон зеби давраҳо будам – 9* Садаф.
Рамзи ҳамнабзии дилу ҷонҳо.
Чун дарахтони гурмиям ин дам, Аз бару дўшам устухон руста, Устухонҷисми ман маро бошад Ҳамчунон тири аз камон раста.

пешина
аз 235
навбатӣ